Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон омодаи харидории алюминиуми тоҷикӣ


Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, кишвараш омода аст алюминиуми Тоҷикистонро харидорӣ кунад. Дар аснои мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо раиси ҷумҳури Туркманистон дар Ашхобод, ҳамчунин масъалаи алоқамандии Тоҷикистон ба харидории маҳсулоти нафтии Туркманистон ва фаъолсозии ҳамкорӣ дар сохтмони ҷодаи Шимол-Ҷануб, ки ду кишварро ба ҳам мустақиман мепайвандад, дар миён гузошта шуд. Оқил Оқилов ҳамчунин гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон омода аст дар расми кушоиши маркази минтақаии Созмони милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG