Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви... мурғи марҷон


Ҳар сол дар арафаи таҷлили рӯзи сипосгузорӣ, ки мардуми ИМА ҳар чаҳорумин панҷшанбеи моҳи ноябр онро ҷашн мекунанд, дар Кохи сафед, ба истилоҳ, “Маъракаи афви мурғи марҷон” доир мегардад.

Чаро мурғи марҷон ва чаро афв? Бино ба расму одатҳои амриоиҳо, имрӯз дар дастархони идонаи онҳо бояд тамому нозу неъматҳои ғизоӣ муҳайё бошад, хосса, гӯшти мурғи марҷон. Гуфта мешавад, аввалин муҳоҷирони инглис ҳангоми кӯчидан ба диёри Вирҷиния ва мавзеъи Баркли аз камбуди ғизо ва сармо хеле азият мекашиданд, ва ҳиндуҳо, аҳолии бумии Амрикои шимолӣ, ба кумакашон шитофтаанду онҳоро бо озуқа таъмин намуда, аз марг наҷот дода будаанд. Ҳамин тавр, дар тамоми қаламрави ИМА ва Канада ҳангоми таҷлили ин ид мардум аз меҳрубонии худованд ва ҳиндуҳо ситоиш мекунанд. Дар миёни он озуқаву таъомҳое ки ҳиндуҳо оварда будаанд, аз ҷумла ҷуворимакка ё зуррат, картошка ё себизаминӣ, тутизаминӣ ё марминҷон ва ҳам гӯшти мурғи марҷон будааст.Аз он замон ба баъд дар дастархони идонаи амрикоиҳо дар ин рӯз таъомҳо аз мурғи марҷон ҷои марказиро ишғол менамоянд.
Ва аммо одати афви мурғи марҷон аз куҷо маншаъ мегирад? Пайдоиши ин урф дақиқ муайян нест. Баъзеҳо мегӯянд, нахустин шуда, раисиҷумҳури вақти ИМА Ҳаррӣ Трумен соли 1947 мурғи марҷонеро, ки барояш оварда буданд, афв кард ва ба мазраъаи махсусаш таслим кард. Дигарон иддаъо мекунанд, ки раисиҷумҳури вақти кишвар Абраҳам Линколн мурғи марҷони писарашро бахшидааст. Ба ҳар ҳол, алҳол ҳангоми афви навбатии мурғи марҷон ҳардуи ин ҳикояҳо зикр мешаванд.
Лекин дақиқаш ҳамин аст, ки дар давоми солҳо, ҳар сол маъракаи афви мурғи марҷон сурат мегирад. Дар тӯли 15 сол то соли 2004 ҳамаи парандагони бахшидашуда ба парваришгоҳи Кидвели аёлати Вирҷиния супорида мешуданд.
Ахиран, 20-уми ноябри соли равон, раисиҷумҳури феълии ИМА Ҷорҷ Буш ду мурғи марҷонро, ки Май ва Фловер ном доштаанд, дар лаҳзаҳои охирин бахшид.
Гуфта мешавад, ин ду парандаро аз шаҳраки Даббойси аёлати Индиана оварда будаанд. Аҷибаш он аст, ки парастиши ин ду паранда зери назорати раиси Федеросюни миллии мурғҳои марҷони кишвар Тед Сегер сурат гирифта буд. Ин ҳам дафъаи панҷум аст, ки тамоми миллати Амрико аз тариқи сомонаи интернетии Кохи сафед, дар интихоби номи мурғҳои марҷон саҳм гирифта буд. Гуфта мешавад, дар раъйдиҳии имсола 28 000 нафар ширкат варзид. Соли 2006 мурғҳоро Флайер ва Фраер, соли 2005 Маршмаллов ва Ям ва соли 2004 Бисквит ва Гравӣ номида будаанд.
XS
SM
MD
LG