Кандализа Райс, вазири хориҷаи Амрико мутмаин аст конфронси сулҳи Ховари Миёна, ки сешанбеи оянда дар Аннаполиси аёлати Мериланд баргузор мешавад, дар роҳи музокироти Исроилу Фаластин барои ташкили давлати фаластинӣ муваффақиятомез хоҳад гузашт. Дар ин ҳамоише, ки рӯзи 27 ноябр баргузор мешавад, нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, ҳамроҳ бо намояндаҳои 40 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. ИМА ба ирсоли даъватномаҳои ширкатдорони ин ҳамоиш шурӯъ кардааст.