Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи СММ дар робита бо Эрон


Як кумитаи СММ қатъномае қабул кард, ки дар робита ба "нақзи пайвастаи" ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ дар Эрон "амиқан изҳори нигаронӣ" мекунад. Дар раъйдиҳӣ 72 нафар ба пуштибонии ин қатънома, 50 нафар мухолиф ва 55 нафар бетараф овоз доданд. Ин санад нисбати мавридҳои тасдиқшудаи шиканҷа ва рафтори хушунатомез, мисли таҳқир, муҷозот, шаллоқ ва буридани узвҳои бадан "ҷиддан изҳори нигаронӣ" кардааст. Қатъномаи мазкур, ки сарпарасташ Канада, Аврупо ва ИМА будаанд, бояд барои тасвиби куллия аъзои Маҷмаи кулли СММ ирсол шавад.

XS
SM
MD
LG