Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов - номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон


Камиссиюни интихоботии Ӯзбакистон дирӯз гуфт, ки Ислом Каримов ба унвони яке аз чаҳор довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи 23 декабри имсол ба қайд гирифта шудааст. Дигар се номзади интихоботӣ нафарони наздик ба ҳукумат ҳастанд: Аслиддин Рустамов ва Дилором Тошмуҳаммадова аз Ҳизби халқии демократӣ ва Ҳизби адолат намояндагӣ мекунанд. Ин ҳарду инчунин муовинони раиси парлумони кишвар ҳастанд. Номзади охирин Акмал Сайидов раиси Камиссиюни парлумонӣ дар масоили демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳеҷ як ҳизби мухолифин дар Ӯзбакистон ҳақи расмии фаъолиятро надорад ва раҳбарони ин ҳизбҳо маҷбур тарки кишвар карда дар хориҷа ба сар мебаранд. Ҳеҷ кас шак надорад, ки Ислом Каримов барои бори сеюм курсии раёсатҷумҳуриро аз они худ хоҳад кард. Вай аз соли 1989 инҷониб сари қудрат боқӣ мемонад. Ҳоло, дар сурати интихобшавии вай ба ин мақом, вай 7 соли дигар ба ҳайси раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ифои вазифа хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG