Дар Тоҷикистон бо ҷурми гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир як корманди милиса боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, Қадим Рақибови 39-сола дар замони фаъолият дар як аз шӯъбаҳои умури дохилаи кишвар ҷиноят содир кардааст ва дар аснои тафтиши манзили иқомати вай 1 килою 70 грамм ҳашиш кашфу забт шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида ва тафтиш идома дорад. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохила дар боздошти як гурӯҳи қочоқбари иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе ноком шуд. Қочоқбарон аз баҳри 19 кило афюн гузашта ва аз мақомот панаҳ бурдаанд. Ҷамъан дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 4 тоннаю 815 кило маводди мухаддир кашфу забт шудааст.