Як фаъоли мухолифини Покистон Имронхон, ки дар зиндон аст, ба нишони эътироз аз вазъияти ҷоришудаи фавқулодда даст ба гуруснанишинӣ зад. Сухангӯи ӯ - Сет Ниёзӣ гуфт, ки оқои Имронхон омода аст ҳар муддате, ки лозим бошад эътисоби ғизоро идома дода, бо ин амали худ раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушаррафро водор кунад, ки низоми изтирории кишварро лағв кунад. Сиёсатмадор ва крикетбози маъруфи Покистон Имронхон ҳафтаи гузашта дар намоишҳои эътирозии донишҷӯёни Покистон боздошт шуд, ки алайҳи ҳолати изтирории кишварашон тазоҳурот мекарданд.