Ин ҳайатҳои озарӣ ва арманӣ то кунун бо қишрҳо ва маҳофили мухталифи кишвар дидору гуфтугу карданд. Сафари ҳайатҳои коршиносии Озарбойҷон ва Арманистон ба Тоҷикистон ва нишасту мулоқотҳои онҳо бо мусоидати Созмони байнулмилалии посдори сулҳ доир мешавад. Десислав Русанова, мудири барномаҳои авруосиёии ин созмон, гуфт, ин ҳайатҳои коршиносӣ намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Озарбойҷон ва Арманистон мебошанд, ки 15 сол ба ин ҷониб сари масъалаи ҳалли бӯҳрони Қаробоғи Куҳӣ талош доранд.
Вай афзуд, мо дар намунаи таҷрибаи Тоҷикистон дидем, ки даст ёфтан ба сулҳ ва ризоияту ҳалли муноқиша имкон дорад. Мо бо нафароне, ки дастандаркори сулҳи Тоҷикистон буданд, нишасте доштем ва бо намояндагони ҳарду ҷониби дар собиқ мухолиф мулоқот кардем. Ханум Русанова гуфт, мо дидем, ки ҷонибҳои дар гузашта рақиб ҳанӯз ҳам дар аксар маврид нуқтаи назарҳои мухталиф доранд, аммо муҳим ин аст, ки фарҳанги нишастан ва мушкилро бо ҳам баррасӣ кардан расм шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Аваз Гасанов, раиси Созмони ғайриҳукуматии Пажӯҳишҳои башарии Озарбойҷон, ба суоли мо дар бораи он, ки кадом маврид таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон метавонад барои ҳалли қазияи Қаробоғи Куҳӣ омузанда бошад, гуфт, таҷрибаи кори Комисиюни оштии миллӣ дар Тоҷикистон хеле ҷолиб аст ва вақте мо дар мавриди ҳалли мушкили Қаробоғ сӯҳбат мекунем ҳамчунин комисиюни оштӣ ё мусолиҳаро дар назар хоҳем дошт. Вай афзуд, барои мо ин таҷрибаи нав аст ва, бовар дорам, ба мо кумак хоҳад кард.
Ба гуфтаи Аваз Гасанов, барои ҳалли мушкили Қаробоғ қабл аз ҳама ба вуҷуд овардани иродаи мақомоти ду ҷониб барои рафъи ин қазия мебошад. Ӯ мегуяд, барқарории равобит миёни ҷомеъаҳои шаҳрвандӣ ва майли ҷомеъаҳо барои ҳалли ин бӯҳрон то ҷое вуҷуд дорад, аммо майли масъулин барои ҳалли буҳрон эҳсос намешавад. Вай афзуд, аммо бояд гуфт, ки табиати низоъи Тоҷикистон аз хусусияти буҳрони Қаробоғ тафовут дорад, зеро дар Тоҷикистон ҷанги шаҷрвандӣ миёни атбоъи ин кишвар буд, аммо дар Қаробоғ ду кишвар даъвои марзӣ дорад.

Грене Марковсян, устоди Донишгоҳи Ереван ва раиси созмони Минбари озоди ташаббусҳои шаҳрвандии Арманистон, иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон қабл аз ҳама аз нигоҳи равонӣ ва омодагии сиёсии ҷонибҳои мухолиф барои ҳалли буҳрони Қаробоғ аҳамият дорад ва мо бояд дар асоси ин таҷриба афкори ду ҷонибро барои нишон додани ирода ҷиҳати ҳалли буҳрон ба вуҷуд биорем. Ба гуфтаи вай, аммо ин таҷриба кофӣ нест, чунки масъалаи Қаробоғ масъалаи байниқавмист. Вале, мегуяд хонум Марковсян, дар ҳар сурат ҳамаи низоъҳо аз нигоҳи мушкилоти иҷтимоӣ шабеҳи ҳам астанд.
Зари зарафшонам бишуд афсонаи буду наблу Аз зари кухистони худ як гушворам ОРЗУСТ!!!!!
Ман ба мардуми точик хайронам. Дар давлати диктатори зиндаги дорем. Бад аст, хуб аст давлат сарвар ва элита-оилаи хукмфармо дорад. Хохед сиёсатбози кунед, аз шароитхои автократия нагз бохабар шуда, шарту шароитро дидабаьд кор кунед. Вагарна пушаймони суд надорад. Бо усули давлатхои демократи сиёсатбози дар давлати автократи ин худаш як аблахи. Бесаводи бошад, тарсу вахм бошад, чазонбинии гуломи бошад???? Намедонам..., лекин бачои калларо кор фармуда, озиста озиста давлату давлатдоронро ислох ва зери рамкаи камтар адолатона даровардан, мардуми мо факат ба Худо месупоран. Худои бузург ба мо тану чон дод, барои илмомузиву хаётомузи шароит дод. Мо бояд аз ин имкониятхояш истифода бурда чамьиятро обод ва одилона кунем. Харакату муборизахои босаводона кунем. Илму фарханг, дину маданияти диниро нагз аз худ кунем, баьд Худо хам харакатхои моро дида мункин зиндагиву чамьияти сазоворро ба мо ато кунад. А так дар дахон носу, дар курпача нишаста лак лак мекунем. Аксарият саводи элементари надоранд... чи хел мо пешрафта мешавем. Танхо нолишу нолиши харгушкхои дупо......(((((
Тиллову пул аз Афгонистон. Значит аз они шахрвандони Точикистон нест. Хакки хизматро гиред ва кори афгонхоро буд кардан гиред. Чи проблема? Сохиби он ки аст? Чи аст? Барои мо чи фарк дорад? За транзит услуга гиред тамом.
Кореяи шимоли пешво доранд. Мо низ бо пешво буданро ФАХР мекунем. Солхои 92 чи буд хозир чигуна.
Интиқод не интиқол мешавад, ислоҳ карда монед.