Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Раҳмон аз Суғд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни боздиди худ аз шимоли кишвар гуфт, сатҳи зиндагии ҳар як сокини Тоҷикистон дар панҷ соли оянда бакукллӣ тағйир меёбад ва беҳтар мешавад. Вай дар назди омма қавл дод, ки дар ду соли минбаъда Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ даст хоҳад ёфт. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, тавсеаи мухобироти нақлиётӣ низ яке аз самтҳои авлавиятноки рушди иқтисоди кишвар мебошад. Раисиҷумҳур дар тақвияти фикраш аз пулҳо ҷадиди пайванкунандаи Тоҷикистону Афғонистон, шоҳроҳе, ки ба сӯйи давлати Чин мебарад, мисол оварда, афзуд, бас муҳим аст, ки роҳи нақлиётие, ки Тоҷикистонро бо кишвари дӯсти Узбакистон пайванд мекунад, таҷдид карда шавад.
XS
SM
MD
LG