Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф аз садри артиш канор меравад


Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф имрӯз эълом дошт, ки то охири ҳамин моҳ аз вазифаи фармондеҳи артиш канор меравад ва мӯҳлати нави сарварии кишварро чун шахси ғайринизомӣ шурӯъ мекунад. Қаблан Мушарраф тасмим гирифта буд, ки курсии садри неруҳои мусаллаҳро рӯзи панҷшанбеи 15 ноябр, баъди поён ёфтани мӯҳлати аввали раисиҷумҳурияш тарк кунад. Ва аммо, тавре раиси ҷумҳури Покистон ба хабаргузории Ассошиетед Пресс гуфт, ӯ маҷбур аст то тасмими Додгоҳи Олии кишвар дар бораи қонунӣ будани интихоботи ахири раёсати ҷумҳур дар маснади фармондеҳи артиш боқӣ бимонад.

Парвиз Мушарраф иброз дошт, ки рӯзи аниқи аз садри артиш канор рафтанаш баъд аз тасмими Додгоҳи Олӣ мушаххас хоҳад шуд. 3 ноябри соли равон баъди эълони вазъи фавқулодда дар кишвар Парвиз Мушарраф раиси Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чаудриро аз маснадаш барканор кард. Аъзои Додгоҳи Олӣ савганди садоқат ба расии ҷумҳурро ёд карданд.

XS
SM
MD
LG