Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Толибон дар як ҳамлаи ҳавоӣ


Дар вилояти Урузгон - воқеъ дар ҷануби Афғонистон бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии эътилофи таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида теъдоди зиёди мусаллаҳони Толибон кушта шуданд. Ба гуфтаи низомиёни амрикоӣ, ҳамла баъди он сурат гирифт, ки дар ин минтақа мусаллаҳони Толибон корвони мошинҳои эътилофро ба муҳосира гирифтанд.

Дар бораи қурбониён миёни низомиёни эътилоф ва артиши Афғонистон алҳол иттилое зери даст нест.

XS
SM
MD
LG