Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба Парвиз Мушарраф


Пулис роҳи манзили Беназир Бҳуторо масдуд кардааст
Пулис роҳи манзили Беназир Бҳуторо масдуд кардааст

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон, аз раисиҷумҳури кишвар Парвиз Мушарраф тақозо кард, ки ба истеъфо равад.

Дар як суҳбати телефонӣ бо шабакаи телевизионии бритониёии «Sky News» хонум Бҳутто, ки айни ҳол дар Лоҳур, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, изҳор намуд, боқӣ мондани Мушарраф дар садри давлат Покистонро нооромтар хоҳад кард. Дар як суҳбати дигар бо хабаргузории «Reuter» хонум Бҳутто изҳор кардааст, ки «вазъи феълӣ барои раванди демократия дар Покистон хатари зиёд эҷод мекунад».

Дар ҳамин ҳол имрӯз теъдоди бузурги кормандони пулис атрофи манзили хонум Бҳутторо иҳота кардаанд, то ба ин васила аз ширкати ӯ дар раҳпаймоии эътирозии мухолифин алайҳи эълони вазъи фавқулода дар кишвар ҷилавгирӣ намоянд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, то ҳоли ҳозир тақрибан 20 тан аз ҳампаймонҳои хонум Бҳутто боздошт шуданд.

Тибқи амри ҳукумат, сарвазири собиқи Покистон таййи 7 рӯзи ҳаққи аз манзилаш берун рафтанро надорад.

Як намояндаи Ҳизби мардумии Покистон (ҳизби Беназир Бҳутто) эълом дошт, ки раҳпаймоии эътирозӣ бояд дар ҷоддаи Лоҳур – Исломобод баргузор гардад, ҳарчанд ин амал баъид ба назар мерасад, зеро ин шоҳроҳ феълан таҳти назорати ҳазорҳо кормандони пулис қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз Ториқ Азим, муовини вазири иттилооти кишвар, ба таври возеҳ гуфт, ки айни ҳол дар Покистон ҳама гуна раҳпаймоиву гирдиҳамоӣ ва нишастҳои сиёсӣ мамнӯъ эълон шудаанд ва афроде, ки ин дастурро халалдор мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта, дар арафаи гирдиҳамоии мухолифин дар шаҳри Равалпиндӣ, пулиси Покистон Беназир Бҳутторо таҳти ҳабси хонагӣ қарор дода буд ва сарони кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ низ аз Парвиз Мушарраф даъват карданд, ки вазъи фавқулодаро аз байн бардорад.

Ҳамин тавр, Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, низ ахиран хостори лағви вазъи изтирорӣ дар ин кишвар шуд. Ӯ гуфтааст, ки умедвор аст «ҳукумати Покистон аз иқдоми дуруст кор мегирад ва вазъи фавқулодаро аз байн бардошта раҳбарони сиёсии боздоштшударо озод мекунад».

Дирӯз Созмони Муштаракулманофеъ – як ниҳоди давлатҳои дар собиқа мустамликаи Бритониёи Кабир – дар як нишаст дар Лондон масоили марбут ба вазъи фавқулода дар Покистонро баррасӣ кард. Вазирони хориҷаи 53 кишвари узв аз Парвиз Мушарраф тақозо карданд, ки то 22-вуми ноябр вазъи фавқулодаро қатъ созад, дар акси ҳол узвияти Покистон дар ин ниҳоди байнулмилалӣ қатъ карда хоҳад шуд. Ҳамзамон онҳо аз Мушарраф даъват карданд, ки аз маснади фармондеҳи артиши Покистон канор равад.

Аз нигоҳи коршиносон, Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон, тайи солҳои сари қудрат буданаш нахустин бор ба ин гуна мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст. Гуфта мешавад, пас аз ҳамла ба масҷиди Сурхи пойтахти кишвар ҳама аҳзоби исломӣ аз раисҷумҳур рӯ тофтаанд, ва акнун ягона умеди ӯ ба иттиҳод бо Беназир Бҳутто буд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки тақсими қудрат бо хонум Бҳутто имкон медод, ки Мушарраф аз пуштибонии яке аз ниҳодҳои бонуфузи сиёсии кишвар Ҳизби мардумии Покистон бархурдор шавад. Ва аммо ин иттиҳод дар қадами аввал пора-пора шуд. Ва, ба гуфтаи коршиносон, акнун Мушарраф ба ҷуз такя ба артиш ва ҷонибдорони сиёсии худ чорае надорад.

XS
SM
MD
LG