То ҳоли ҳозир, ба назари коршиносон, аз зарфиятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ ба сурати қобили мулоҳиза ва комил истифода нашудааст. Ин ҳамкориҳо дар ҳудуди барномаҳои амниятӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва кумакҳои билоиваз ва башардустонаи кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон маҳдуд будааст.
Барномаи нави ҳамкориҳои роҳбурдии ИА дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ, доираи васеътари ҳамкорӣ бо ин кишварҳоро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, авлавият ба барномаҳои ҳамкорӣ дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон, мусоидат ба тарҳҳои коммуникастионӣ ва энержӣ, сохтмони роҳҳо, рушди сармоягузорӣ ва савдо, мусоидат ба барномаҳои танзими истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа ва ҳифзи муҳити зист дода шудааст. Барномаҳое, ки дар бисёр маврид Тоҷикистон интизори ҳали онҳо мебошад. Хосса, дар заминаи истифода аз захоири обӣ ва барномаҳои энержӣ.
Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари тоҷик мегуяд, идомаи густариши босамари ҳамкориҳо қабл аз ҳама ба амалкарди ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст, то ба майли кимшварҳои аврупоӣ. Ба андешаи ӯ, феълан, Тоҷикистон ба сурати фавқулода ба густариши ҳамкориҳо бо ИА ниёз дорад.
Аз ҷониби дигар, мегуянд бархе таҳлилгарони дигар, кишварҳои аврупоӣ низ боястӣ бо диди амиқтаре барномаҳои худ дар кишварҳои минтақаи ОМ-ро дунбол кунанд. Хосса, бо таваҷҷуҳ ба кутоҳиҳое, ки дар иҷрои барномаҳои ҳамкории худ бо ин кишварҳо дар даври аввали ҳамкориҳо зоҳир шудааст. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегуяд, дар сурати муҳосабаи дуруст ва ташхиси сареъи авлавиятҳо барномаи ҷадиди ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни ИА ва Тоҷикистон метавонад, босамар воқеъ шавад.
ИА дар чаҳорчуби ин барномаи ҳамкориҳо, барои иҷрои барномаҳои мухталиф зарфи 6 соли оянда 750 миллион евро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор хоҳад дод. Гуфта мешавад, ин маблағ ду маротиба бештар аз ҳаҷми сармоягузориҳо дар даври авали ҳамкориҳои Аврупо бо кишварҳои ОМ мебошад.
Аммо, мегуянд коршиносон, дар шароити феълӣ як самти барномаи ҳамкориҳои ИА бо кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Он ҳам асли панҷи ин барнома, яъне муосидат ба барномаҳои зистмуҳитӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ.
Тоҷикистон бештар аз нисфи ин захоирро дар ихтиёр дорад, аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла, мухолифати кишварҳои болооб сохтмони ниругоҳҳо таъхир мешавад. Феълан, Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя барои ҳалли ин мушкил аз коршиносони байналмилалӣ ва мустақил кӯмак хостаанд.
Пешбинии ин асл дар истротежики ҷадиди ИА, ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистонро ба мусоидати кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкил умевор кардааст. Аммо суол ин аст, ки ин интизорӣ оё бароварда хоҳад шуд?
Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ