Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ва Меркел мухолифи барномаи ҳастаии Эрон


Имрӯз канслери Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар Берлин мавзӯъи қазияи барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд. Раҳбарони ин ду кишвари аврупоӣ ахиран эълом доштанд, ки агар музокирот бо Теҳрон бидуни натиҷа поён ёбад, онҳо барои шадидтар кардани таҳримҳо болои Эрон пофишорӣ хоҳанд кард. Дар чанд рӯзи ахир Николя Саркозӣ ва Ангела Меркел зимни сафарҳои алоҳида ба Иёлоти Муттаҳида дар мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон бо Ҷорҷ Буш музокирот анҷом доданд.

Кишварҳои Ғарб ҳадс мезананд, ки Теҳрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад ва ба ин хотир талаби ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои қатъи ғанисозии ураниумро нодида мегирад. Ва аммо мақомоти Эрон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG