Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо оҳангсози тоҷик Фирӯз Баҳор


Фирӯз Баҳор ва ҳамсараш Эрно Гейзер
Фирӯз Баҳор ва ҳамсараш Эрно Гейзер

Симфонияҳои ӯ дар бузургтарин толорҳои ҷаҳон садо медиҳанд, вале дар Тоҷикистон мусиқии ӯро метавон танҳо дар филмҳои "Асрори оила", "Дарвеши ланг" ва монанди инҳо шунид.

Дар рӯзи 9-уми ноябр оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор 65-сола шуд. Шонздаҳ соли охири ин умри бобаракатро Баҳор дар Берлини Олмон ба сар мебарад ва ҳамонон бо офариниши мусиқӣ машғул аст. Ҳамзамон вай ва ҳамсараш Эрна Гейзер Созмони тоҷикони Олмонро таъсис дода, ҳамаи тоҷикистониёни собиқро сарҷамъ кардаанд.

Аз номи шунавандагони радиои Озодӣ, ман ба устод Баҳор занг задам ва аз ӯ пурсидам дар зодрӯзаш чи эҳсос ва чи андешаҳое дорад?

"Шаступанҷсолагӣ -- ин пирӣ нест, локин назди пирӣ. Баъд аз 70 пирӣ мешавад. Акнун мо бояд эҳтиёт кунем, локин албатта, ман хурсанд, ки умрам беҳуда нагузаштааст. Мо як консерти калон дар Берлин барпо мекунем. Рӯзи 30-вуми ноябр. Вале ҳоло ман ба Маскав рафтаниям, зеро дар он ҷо дар 21-уми ноябр асари ман, соната дар толори оҳангсозон аз тарафи навозандагони машҳур ба иҷро мерасад. Ин асар ба рӯйихати консертҳои "Тирамоҳи Маскав" ворид карда шудааст."

Ин қадар сол Шумо дар Олмон ба сар мебаред. Оё мусиқии Шумо ҳамонгуна "тоҷикӣ" ё "тоҷикона" боқӣ мондааст ва ё таъсири хориҷӣ дар он пайдо шуд?

"Ман композитори тоҷик мебошам. Ман худам тоҷикам ва мусиқии ман ҳам тоҷикист ва фикр мекунам, ки ин моли тоҷик мешавад ва ман мехоҳам, ки он моли тоҷикон бошад. Албатта, ман ба ҳар мамлакат меравам, масалан, дар Лондон яке аз овозхонҳои амрикоӣ порчаеро аз операи ман "Умари Хайём" ба забони тоҷикӣ хонд ва ин бароям бисёр ифтихори бузург буд. Ҳамаи мусиқие, ки ман сохтаам, аз оҳангҳои халқи ман берун омадааст ва моли ман не, балки моли мардуми тоҷик аст. Албатта, ҳар оҳангсоз мехоҳад осораш дар кишварҳои гуногуни дунё хуш пазируфта шавад, аммо ҳамзамон ман мехоҳам, асарҳоям аз фарҳангу ҳунари мардумам ҳикоят кунад ва ба ин мардум писанд ояд."

Устод Баҳор, аммо аз вазъи имрӯзаи мусиқии полифонӣ ва касбии тоҷик хабар доред?

"Албатта, хабар дорам, локин мумкин аст, ин хабари ман кӯҳна бошад, зеро ин қадар сол дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунам. Бо вуҷуди ин ба воситаи дӯстон аз навигариҳо огоҳ мешавам. Ман бовар дорам, ки бисёре аз оҳангсозони мо корҳои наву хубе мекунанд. Масалан, раиси ҳозираи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов бисёр шахси боистеъдод аст ва номи он кас на танҳо дар Тоҷикистон ё Осиёи марказӣ, балки дар Аврупо низ машҳур аст, махсусан дар Фаронса. Ҳамчунин ҳамкасбону дӯстони ман Толиб Шаҳидӣ, Лола Толис, Заррина Миршакар, Шодмон Пӯлодӣ, Аъзам Солиев ва бисёр дигарон на фақат эҷодкорони бистеъдоданд ва на фақат дар Тоҷикистон ё Русия машҳуранд, балки дар ҳама ҷо осори онҳо мавриди эҳтиром аст ва садо медиҳад. Ман аз ин комёбиҳои оҳангсозони тоҷик бисёр сарафрозам ва асосу бунёди онро дар мусиқии суннатӣ ё классикии тоҷик ва мусиқии халқӣ ё фолклорӣ мебинам. Солҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон ман қариб ба ҳамаи минтақаҳои кишвар ва ҳамчунин Бухорову Самарқанд сафар кардам ва ин мусиқиро омӯхтам. То ҳол бархе наворҳое дорам, ки ҳар шунавандаро ба важд меоранд. Аммо афсӯс мехӯрам, ки касе ба забти ҳирфаии ин мусиқӣ машғул нест. Бояд аз онҳо навору дискҳое ҷамъ овард ва нашр кард ва ба ҷаҳониён нишон дод, ки мо, тоҷикон чи сарвати бебаҳое дорем. Кишвар ҳатто метавонад, аз ин роҳ даромад ҳам ба даст орад."

Устоди арҷманд, Шумо зодрӯзи худро чӣ гуна ҷашн гирифтед?

"Хайр, мо акнун (механдад), албатта, назди хешу табор, дӯстони наздик нишастаам. Дастархони мо қариб пурра Тоҷикистонро ба хотир меорад. Палави тоҷикӣ ва дар рӯяш донаҳои анор. Ман соҳибҷашн, аммо азбаски оҳангсоз ҳастам, барои меҳмононам мусиқӣ менавозам, дили онҳоро шод мекунам. Хуб шуд, ки Шумо занг задед, каме танаффус гирифтам (хандаи қоҳ-қоҳ), аммо ба фикрам, ҷашни асосӣ ин консерти бузургест, ки дар Берлин барпо мекунем. Ин шаби эҷодии ман номида мешавад. Консерти Маскав ҳам як навъ ҷашн аст, аммо ман мехостам, ки ба Душанбе равам ва дар он ҷо консерт диҳам. Ман медонам, ки дар Душанбе низ мехоҳанд, ки ман биёям ва аз рӯи асарҳои солҳои гуногуни ман як шабнишинӣ ташкил шавад. Ҳамаи зиндагии ман дар мусиқист ва хурсандии ман низ..."

Ташаккур, устод Фирӯз Баҳор! Аз номи шунавандагон ба Шумо тани сиҳату хотириҷамъ ва сад сол умри сарбсабзона орзу мекунем, шоду сарбаланд бошед.

XS
SM
MD
LG