Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи шумо...


hs ... аз он розиед? Ба андешаи шумо, ном ба сарнавишт ва тақдири инсон, хислат ва одати ӯ, ба тамоюлҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсире мерасонад? Ба фарзандатон чӣ ном гузоштан мехоҳед?

Дар ин бора


Ба Абдуллоҳ. Дӯсти арҷманд, калимоти арабӣ дар забони форсӣ 20-30 дарсад не, бамаротиб бештар аст. Шояд дастикам 60 дарсад бошад. Ва ин калимот дар забони мо ончунон таҷовуз карда ва монанди занбурӯғҳои порозит ончунон худро ба баданаи забони форсӣ часбонда ва шираи ин забонро мемаканд, ки дигар ҷудо кардани онҳо аз имкон берун аст.

Дарвоқеъ, ин калимот ба пуштибонони сарсахте монанди шумо ниёз надоранд. Баръакс, забони форсӣ аз таҷовузи рӯзафзун ва зиёнбортаре, ки аз ин калимот ва пуштибонони онҳо мебинад, ниёз ба пуштибонӣ ва парасторӣ дорад.

Ман бадии миллат ё забони моро намехоҳам, аммо, ба назари ман, ҳамин микдор калимоти арабӣ, ки дар забонамон дорем, кофӣ аст, ниёз ба тарвиҷу таблиғи бештари онҳо нест. Агар забони порсӣ аз таҷовузи идомадори калимоти арабӣ амон наёбад, дар сад соли оянда кишварҳои арабзабони тозае (назири Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон) дар нақшаи ҷахон пайдо хоҳанд шуд ва ба Дастаи (Лигаи) кишварҳои арабӣ хоҳанд пайваст.

Сабаби густариши калимоти арабӣ дар забони форсӣ омӯзиши густарда ва бедалели арабӣ дар мадориси Эронзамин таййи ҳазор соли гузашта аст, дар ҳоле ки забонҳои решаии забони форсӣ, яъне паҳлавӣ ва авестоӣ ҳаргиз омӯхта намешуданд. Ҳоло ин вазъ бояд тағйир кунад!

Фаромарз.
--------------------------------------

Мавзӯъи шумо дар ҷомиъаи имрӯзаи мо басо муҳим аст, зеро бо забткориҳои аҷнабиён мо хеле чизҳои худро аз даст додаем.

Банда тарафдори номҳои миллии худамон ҳастам ва ба нафароне, ки фарзанд доранд, тавсия медихам , ки онҳоро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург номгузорӣ намоянд, ояндаи онҳо нек хоҳад шуд.

Мо тоҷик ҳастем ва аз ин рӯ номи мо бояд миллати моро ифода намояд. Банда мухолиф ба нафароне ҳастам, ки номҳои тоҷикии худро ба арабӣ иваз менамоянд.

Диловар, ноҳияи Ҳисор.
--------------------------------------

Салом бар озодмардон!
Хоҳиш дорам, рисоларо ба саҳифаатон нашр кунед.

Ростӣ, ман намефаҳмам, ки ин Фаромарз ба мо, тоҷикон, некиро мехоҳад ё бадиро? Оё чунин мантиқ, ки гӯиё номҳо ё калимаҳои арабӣ далолат бар империализму зулми арабро мекунад, дуруст аст? Агар чунин бошад, пас калимаҳое, ки ба мо аз русҳо мондааст, далолат ба империализм ва зулми онҳо мекунад? Ин хел бошад, пас чаро инашро нагуфтед, муҳтарам Фаромарз?

Хуллас, гуфтаниам, ки Фаромарзу ӯ барин одамон чун диндор нестанд, ҳар чизе, ки часпоиш ба дин дорад (хусусан, дини мубини ислом), онро ба фикри худашон нодуруст мешуморанд. Ҳатто забону луғат ҳам бошад, дар ҳоле ки ҳастанд арабҳое, ки мусалмон нестанд.

Ман ба Фаромарз савол доданиам ва мехоҳам онро ҷавоб диҳад. Саволи ман ин аст: забони форсӣ, хато накунам, тақрибан 20 қ 30 дарсад аз калимаҳои арабӣ иборат аст ва чанде аз онро шумо дар номаатон истифода кардед. Марҳамат карда, шумо бигӯед, ки инро чи хел фаҳмидан мумкин? Ё шумо мехоҳед, ки як қисми забони моро маҳву нобуд сохта забонамонро аз байн баред?

Абдуллоҳ.
--------------------------------------

Ба Шахриёр,

Навиштаи шумо хамон эроди маъмули ва содалавхонаи арабпарастон аст. Чи магар дар забони араби калимоти гайр вучуд надорад? Чанд дарсади лугати араби дарвокеъ араби аст?
Аз чониби дигар, ин ки чанд дарсади калимот арабианд, дарвокеъ нишони дигаре аз истеъмори араб хастанд ва ин вокеъият аст. Аъроб на танхо дин, балки фарханг ва забони арабиро бар дигарон тахмил карданд. Дар ин миён миллатхое чун мисрихо ва ошурихову бобулихо ва дигарон забонхои худро комилан аз даст дода, вале порсиён
тавонистанд забонро нигах доранд, вале олуда бо калимоти араби. Дар дусад соли аввали хукмронии араб кушиши катъи барои нест кардани забонхои эрони вучуд дошт ва хар касе мусалмон мешуд, номи араби мегирифт, яъне араб мешуд, аз ин ру то кунун бисёре аз бузургони мо назири Синоро "донишманди араб" менависанд. Кутайба ибни Муслим забони хоразмиро амдан аз миён бурда ва хазорон китобу навишта ба он
забонро нобуд кардааст. Инхо вокеъият хастанд, касе инкор намекунад.
Дар чунин шароите, ки бештар аз хазор сол идома дошт ва донистан ва корбурди калимоти араби фазл ва имтиёз ва бартари хисоб мешуд, табиъатан ва ба таври тахмили порсиён ночор буданд ба чои хар мафхуми тоза, ки дар зехн доштанд ва боисти вожаи наве барои он эчод кунанд, калимаи нав насозанд ва калимоти арабиро истифода кунанд ва ба ин васила ин калимоти каммояи арабиро пурмоя созанд. Аммо ин олудаги ба вожахои араби далели бартарии забони араби ва эхсоси хакорат аз чониби афроде чун шумо намешавад.
Тибки назарияи забоншиноси, аз мавкеъе, ки як калима вориди забони дигар мешавад, он дархол хувияти худро аз даст медихад ва хувияти тозае касб мекунад, ин калима дигар хамон калима дар забони асл нест, он
хувият ва маъонии тозае дорад ва моли забонест, ки дар он ба кор бурда мешавад. Калимоти араби низ дигар бахше аз забони форси шудаанд ва моли ин забон хастанд.
Ин ба он маъно нест, ки мову шумо аз араб камтарем ё араб аз мо батар аст. Агар шумо чунин эхсосе мекунед, бояд ба равоншинос мурочеъа кунед. Чунин эхсоси касал зодаи талкини баргалате аст, ки гуё забони форси забони дарачаи дуюм дар дин аст, чуноне баъзехо ба ин ифтихор мекунанд. Дарвокеъ ин нишонгари идеулужии
"баргузидаги" (эксклузивизм) ва манкурт будани афродест, ки ба ин дил хуш медоранд, ки забонашон забони дувум аст ва худо онхоро дуюмдарча офаридааст.
Дарвокеъ ин назария навъе тахкир ба забони форси аст ва бояд аз ин гуна ифтихори пуч даст бардошт.
Дар мавриди чамъбандии калимоти араби, албатта чамъбандии онхо бо пасвандхои форси дар бисёр маворид дарбехи ночасбон аст. Ва чамъи арабии калимот муносибтар аст. Ин худ нишон медихад, ки калимоти араби дар забони мо бакулли хазм нашуда ва хамчунон бегона хастанд. Дар холе, ки дар забони араби низ калимоти форси,
сурёни, ороми ва гайра ба таври фаровон вучуд доранд, вале араби забоне инфлективи аст ва реша дар он аз дохил тагйир мекунад ва дарёфти калимоти хоричи дар ин забон душвор аст.
Аз суйи дигар зебои ва маъонии зиёди калимоти араби-аслро, ки дар форси мебинем, дар араби нест, ин забон ва тафаккури форси аст, ки ба калимоти каммояи араби маъони ва зебои бахшидааст. Масалан калимаи ишк дар араби хамон мафхуми форсияшро харгиз надорад. Ба ин далел онхое ки дар баробари калимоти араби
эхсоси хакорат мекунанд ва арабро бартар аз худ мешуморанд, иштибох мекунанд.
Дар мавриди номхои хос, ба хеч фарде пушида нест, ки номхои форси зебо ва гушнавозтаранд ва баёнгари хувият хам хастанд ва хар сохиби номе аз номи худ хушнуд мешавад. Номгузори ба шеваи араби ба маънии идома додан ба суннати "мавлоигари" аст, ки дар огози ислом роич шуд ва хонаводахое ки ба дасти аъроб
мусалмон мешуданд номхои хочагони арабашонро мегирифтанд ва аз номхо ба забони модaрияшон махрум сохта мешуданд.
Албатта хар кас дар номгузори озод аст ва агар шумо мехохед, абдуллох ё абдулгафур ё абдулкарим ё абдулараб бошед, ихтиёр доред.
Фаромарз
____________________________


salom ba ozodagon
khohish doram risolaro ba sahifaaton pakhsh kuned.
rosti man namefahmam in Faromarz ba mo tojikon nekiro mekhohad yo badiro? oyo chnin mantik , ki guyo nomho yo kalimahoi arabi dalolat ba imperializmu zulmi arabho mekunand , durust ast? agar chunin boshad pas
kalimahoe ki ba mo az russho mondaast in ham dalolat ba imperializm va zulmi onho mekunad ?in khel boshad pas charo inashro nagufted muhtaram faromarz?
khulas guftaniam ki faromarzu u barin odamon dindor nestand , az in ru har chizeki chaspoish ba din dorad {khususan dini mubini islom} onro ba fikru khudashon nodurust meshumorand, hatto ki zabonu lugat ham
boshad dar holeki bisyor ast arabhoe ki musalmon nestand.
man b faromarz savol dodaniam va mekhoham onro javob dihad, savoli man in ast; zaboni forsi {khato nakunam} takriban 20- 30 dar sad arabi ast va chande az onro shumo dar nomaaton istifoda karded . marhamat karda bigued ki inro chi khel fahmidan mumkin. yo shumo mekhohed ,ki yak kismi zaboni moro mahvu nobud szed? zabonamonro ham az bayn bared?
{abdullo}
________________


Банда будан, ба хар сурате ки бошад, чи бандаи худо ва чи бандаи русхо, нохушоянд аст. Бандаги ба русхо паёмади софи бандагии хазору андсолаи фарханги ба туркону тозиён ва мугулон аст. Вакте мардум ин фарханг ва ин андешаро аз сар ба дур андозанд, хамаги озод ва озода хоханд шуд ва худро хакир ва мулзами
дигарон нахоханд сохт. Хуйи бандаги зоидаи эхсоси хакорат, беэътимоди ба нафс ва надоштани ифтихори миллию кавми ва ё надонистани ин ифтихорот аст. Касе ки фикр мекунад, ки хеч корномае дар таърих надорад, албатта нисбат ба онхое ки фикр мекунанд, ки доранд ва ифтихор хам ба он мекунанд, худро забун ва шармсор эхсос мекунад. Ин аст решаи худбадбини ва худситезии точикон.
Фаромарз
______________


Бародари азиз, Фаромарз,
Чанд дар сади номаатон аз калимаҳои арабӣ иборат аст? Агар, ки номҳо (ва дар пайи он калимаҳо)-и арабӣ нишонаи зулму ситами онон бар мо бошанд, чаро "арабҳо" нагуфтеду "аъроб" гуфтед? Чаро "маъонӣ"?
Оё аз бандаи Худо будан ор мекунед? Бандаи Худо будан аз бандаи русҳо будан беҳтар нест магар? (Ин ишора бо "озодиҳо"-и тоҷикон дар Русия)
Шаҳриёр
________________________


Номҳои арабӣ нишонаи империёлисм ва зулму ситами аъроб бар мардуми порсизабон аст. Онхое, ки мегуянд мусалмон бояд номи мусалмони дошта бошад, иштибоҳ мекунанд, зеро ном мусалмони ва гайримусалмони намешавад. номхое, ки ба иштибох "мусалмони" хонда мешаванд араби хастанд ва хеч зарурате барои чунин номхо дар забони мо нест.
Бояд бештар кушид, ки номхо пеш аз хама маъонии хуб дошта ва ба забони модари бошанд, хуввияти миллиро нишон бидиханд.
Нафаре ин чо бо ишора ба номи Хушанг гуфт, ки "бас аст мифология", ин назар бисёр содалавхона ва кучаги аст. Оё номхое, ки худи вай мехохад, бештар аз мифология аст? Танхо рушан аст, ки вай мубаллиги фарханги араби ва мифология асту бас. Ба назари ман номхое бо решаи "абд" (гулом), ки дар поён мавриди ситоиши баъзехо карор гирифтанд, аслан ба миллати ОЗОДАИ мо намезебанд. Фарханги гуломи ва бандаги (хатто истилохи
"бандаи худо") ба мо порсиён бегона аст.
Фаромарз
_______________________


Мавзӯъи шумо имрӯз дар ҷомеаи имрузаи мо басо муҳим аст, зеро бо забткориҳои аҷнабиён мо хело чизҳои худро аз даст додаем. Банда тарафдори номҳои миллии худамон ҳастам, ба нафароне, ки фарзанд доранд тавсия медиҳам, ки аз Шоҳномаи Фирдавсии бузург номгузорӣ намоянд, ояндаи онхо нек хохад шуд. Мо тоҷикем,
исми мо бояд миллати моро ифода намояд. Банда мухолиф ба нафароне хастам, ки номхои точикии худро ба арабӣ иваз менамоянд.
_______________


Дӯстони азиз,
Масъалаи номгузорӣ ин як масъалаи завқ аст. Ҳар кас мутобиқи завқу фаҳми худ номеро мувофиқ мешумораду ба фарзанди худ мегузорад. Дар масъалаи ин, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст:" беқтарин ном Абдулло ва Абдуррақмон аст" гуфтаниям, ки бале ин дуруст аст. Пайғамбарамон чунин гуфтааст вале набояд
фаромуш кард, ки ин дар қоле буд, ки мусулмонҳо дар марҳилаи таквини ҳувияти дини худ буданд ва дигар ин, ки ҳадиси пайғамбар ба маънои" ҳатми","бояд","вочиб" фаҳмида нашавад.
Агарчи пайғамбар чунин гуфт, вале писарони худро на Абдулло ном монду на Абдурраҳмон. Косиму (Таксимгар) Иброҳим (маънояшро намедонам) номҳои ду писари ҳазрати Мухаммад буданд, ки дар тифли аз сар рафтанд. Далели дигар метавонад ин бошад, ки набераҳои духтарии худ писарони Фотима ва Али (р.а) ро
Хасан (Хушру) ва Хусайн (Хушруяк) ном монд на Абдулло ва на ҳам Абдурраҳмон.....
Чоми, шаҳри Душанбе.
_____________________


Беҳтарин ном ҳамонест, ки бо Абд сар мешавад, (ҳадис), яъне, ки Абдулло, Абдураҳмон ва ғайра. Баъд, номҳои зебо ҳаст дар асл дар мо. Лекин чи хеле апаи Манижа зикр карданд, ки номи писаронашон Аржангу Ҳушанг аст. Фикр мекунам, бас будагист афсонаю мифология. Боз ин ки мехоҳам, дар Тоҷикистон номҳои Санг, Теша, Табар, Сабз ва ин гуна номҳои беасос кам шаванд.
Саломат бошед,
________________


Бале, ман аз номи худ розиам. Чун маънии луғавии номи ман сарнавишт аст, ман боварии комил дорам ки номи ман ба сарнавишти ман таъсире расонида ва хоҳад расонид.
Аммо фикр мекунам ки ном танҳо барои фарқ кардани одамон аз якдигар аст, на барои фарқ кардани хислату хӯ. Баъзан шахсонеро вохурдан мумкин ки номашон Муҳаббат, аммо чун мебинӣ хеле бемуҳаббатанд.
ФИТРАТИ ЗАРДӮЗ
______________________


Салом,
Мо мадуми Тоҷикистон аз он ҷойе, ки ағлабамон мусалмонем, пас беҳтар аст дар интихоб намудани нми фарзандонамон ба фармудаи бунёдгузори Исломи азиз - ҳазрати Муҳаммад (с) таваҷҷӯҳ бикунем: "Агар Худованд ҳар касеро се писар бидиҳад ва яке аз онҳоро бо номҳои ман чун Аҳмад, Муҳаммад, ва Маҳмуд ном нагзорад, пас дар ҳаққи ман ҷафо кардааст". Ин ҳарфи паёмбар аст ва мо ки ҳаргиз намехоҳем, ки ҳазрат аз мо нороҳат бошад.
Муҳаммадалӣ-Рашт
_______________________


Салом, таҳиягарони сайти Радиои Озодӣ
Албатта, ном дар шахсияти инсон таъсири бузург дорад. Ва биноан, беҳтар мебуд, агар мо аз номҳои шахсиятҳои илмӣ ва таърихии миллати тоҷик истифода барем, то ин ки дар оянда ин фарзанд бидонад, ки номи чӣ касеро дорад ва ба мисли ҳамон кас ба миллаташ хидмат кунад.
Ва дигар ин ки фарҳанги мо бо араб омехта аст ва хедле мушкил аст, ки мо аз ин фарҳанг дур шавем. Ва ҳадиси паёмбари Ислом аст, ки "беҳтарин исм Абдуллоҳ ва Абдураҳмон аст"
Бо эҳтиром, Мусофир
_________________________

Дар ҳар як оилаи мусалмон бояд исми Муҳаммад бошад, аммо азизон, шумо аз номҳои исломӣ ҳазар дореду худатонро мусалмон мехонед.....
_______________________________


Дуруд ба ҳама!
Аз исми худ хело қаноатманд ҳастам ва шикояте ҳам надорам, чаро ки Фирдавсӣ аз зумраи он эҳёгарони фарҳангу маданият ҳисобида мешавад ва аз Фирдавс ном доштани худ албатта ифтихор мекунам. Аммо ин ифтихори худхоҳӣ нест!
Ба андешаи банда ном ба тамоюлҳои мухталифи инсоният таъсири амиқ мерасонад, масалан агар касеро Муҳаммад номгузорӣ намоянд, оянда ӯ кӯшиш менамояд, ки аз рӯи сифатҳо ва услуби динӣ рафтор намояд ва сухане берун аз ахлоқу одоб нагӯяд ва ман шоҳиди ин ҳол хастам.
Дар Амрико ва Аврупо кас метавонад ба бисёр номҳои шарқӣ дучор ояд. Дар ҳоле, ки мардуми ғарб номҳои шарқӣ дорад, чаро мо номҳои шарқӣ ва миллии худро надошта бошем?! Биёед бо номи тоҷикона дар ақсои олам шаҳир гардем!
Фарзанддор ки шудам, албатта исме аз табиати тоҷикона меҷӯям!

Фирдавс ,ИМА
_______________________________

Муташаккирам, ки ин суолро ин матраҳ мекунед....

Дар мавриди номгузорҷ дар чомиъаи Тоҷикистон инро ҳатман бояд гуфт, ки маҳалли сукунат ва атроф ба шахс хеле таъсири амиқ мегузорад. Масалан, ба шаҳрвандоне, ки дар марз бо Узбакистону Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, ҳатман таъсири ҳамсоягон мерасад. Исми бачаҳое, ки дар назди сарҳад бо Узбакистон зиндагӣ мекунанд, аксаран Улуғбек, Тоштемир, Қулихон, Бекбутта ва... мебошад, ки сирф номҳои туркиву узбакианд.

Фарзанддор, ки шудам, ҳатман исмашро Тоҷик ва, агар духтар шавад, Тоҷика хоҳам гузошт. Чунки ин исмро шуҳратманд кардан лозим аст...

Бо эҳтиром, Салим.
--------------------------------------

Дуруд! Хушҳолам, ки узви фаъоли сомонаи шумо мешавам. Дар мавриди номгузорӣ ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки бояд Кумитаи истилоҳот фарҳанги номгузории тоҷикиро тартиб дода, дар зудтарин фурсат мунташир кунад. Вагарна хеле аз номҳои мо дар замони шӯравӣ ғалат шудаанд. Ба ҷои Муҳаммад -Маҳмад, ба ҷои Абдураҳмон - Раҳмон ва ҳоказо.

Дар ҳоле ки Худойбердӣ аст, на Худо. Ва дигар номҳои худовандро ҳам гузоштан дуруст нест. Аз ин рӯ бояд аз донандагони хуби номгузории точикӣ дар марказхои шиносномадихӣ истифода бояд кард. Тамоми онҳоеро, ки тоҷикиро хуб намедонанд ва боиси ғалат рафтани номгузорӣ мешаванд, аз ин даргоҳҳои муқаддас рондан лозим.

Симин.
--------------------------------------

Ханҷари мижгони ту пайваста бар ҷони ман аст...
Басо зебост номҳои порсӣ. Мо, форсзабононро, зебанда нест номҳои арабиву ғайра доштан. Бешакк, ном дар зиндагии инсон таъсире дорад.

Ба назарам, ба сарнавишт, тақдир ва ғайра ягон таъсире надорад. Писарамро Нафас, духтарамро Саҳар мехоҳам ном гузошт.

Ханҷар, устони Бадахшон.
--------------------------------------

Бале, ман аз номи худ хеле розиям. Муътақидам, ки, агар номи яке аз шоирони ширингуфтори клоссики тоҷик насибам намешуд, ҳаргиз рафиқам қаламу сухану фарҳангу дин намебуд ва ман мусалламан раҳи падару дигар бародаронамро пеш мегирифтам, ки бар саманди бодпои илмҳои дақиқ саворанд.

Ҷомӣ, шаҳри Душанбе.
--------------------------------------

Хеле ба маврид аст, ки ин мавзуъро барассӣ менамоед, зеро он дар ҳаёти имрӯзаи мо айни муддаост. Ростӣ, вақте миёни тоҷикдухтарон номеро аз қабили Мариана, Сумайя, Суния ва ғайра мешунавам, ки иқтибосҳо аз силсила филмҳост, хеле рӯҳафтодаву дилгир мешавам. Рӯҳафтода аз он хотире, ки мо тоҷикон аз мероси бои адабии худ бехабар мемонем ва дилгир аз он мешавам, ки волидони тоҷик ба қавли худ як навъ фахр мекунанд, аз номгузориҳои ғарбӣ.
Худи ман номҳои тоҷикӣ - форсиро дӯст медорам, номи худам Манижа аст, номи писаронам Аржангу Ҳушанг.

Манижа.
--------------------------

Дуруду пайғом ба кормандони радиои Озодӣ ва хонандагони ин саҳифа.
Ман САЙФИ ОЛЛОҲ аз ҷумҳурии Узбакистон. Сари чанд сол боз дар Русияи кабир, дар шаҳри Маскав идомаи кор дорам. Соли 2005 баъди хонадоршавиам аз яке дустони наздикам аз Арабистон номае омад, ки хоҳиши ӯ ин буд,ки дар хобаш нуроние ба писари манн Бузургмеҳр ном гузоштааст ва ӯ низ инро хоҳиш кард. Шукри Худованди Бузург соҳиби писар шудам ва номи ӯро Бузургмеҳр мондам

САЙФ
--------------------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG