Беназир Бҳутто аз маъмурони амниятӣ, ки дар шаҳри Исломобод хонаи ӯро иҳота карда буданд, хост, то ба ӯ иҷоза диҳанд ки аз хонааш берун шуда ба шаҳри Равалпиндӣ равад, ки қарор буд, дар он ҷо ба зидди Парвиз Мушарраф тазоҳуроти густурдае баргузор шавад. Аммо бо дастури пулис ӯро барои се рӯз ҳабси хонагӣ кардаанд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс Пресс, хонум Бҳутто тавассути баландгуяк ба кормандони пулис муроҷиат карда ва гуфтааст, ки “ман хоҳари шумо ҳастам ва барои демократия мубориза мебарам.”
Парвиз Мушарраф - раисҷумҳури Покистон, ки эътибори худро дар кишвараш аз даст медиҳад, чанде пеш дар Покистон вазъи фавқуллода эълом ва фаъолияти Қонуни Асосиро мутаваққиф кард. Ин иқдоми Парвиз Мушаррафро ҷомеаи байналмилалӣ хориҷ шудан аз роҳи демократия унвон ва танқид кард. Танишҳои афзоянда дар Покистони дорои силоҳи атомӣ Парвиз Мушаррафро, ки 7 сол пеш баъди табаддулоти давлатӣ қудратро ба даст гирифт, дар ҳолати ногуворе қарор дода ва ба қавле рӯзи ӯро сиёҳ кардааст.
Беназир Бҳутто дар муҳосираи маъмурони амниятӣ аз раисҷумҳур Парвиз Мушарраф хостааст, то вазъи фавқуллодаро беэътибор эълом кунад, аз мақоми сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ канор равад ва интихоботи порлумониро рӯзи муқарраршуда, яъне 15 январ баргузор намояд. Аммо Парвиз Мушарраф гуфт, ки интихоботи порлумонӣ рӯзи 15 феврал - як моҳ баъд аз рӯзи муқарраршуда сурат хоҳад гирифт.
Дар рӯзе, ки маъмурони амниятӣ аз берун шудани Беназир Бҳутто ҷилавгирӣ карданд, дар шаҳри Пешовар як бомбгузори маргталаб худро дар назди хонаи як вазири покистонӣ ва аз ҳампаймонҳои Парвиз Мушарраф мунфаҷир карда ва чаҳор нафарро кушт. Дар шаҳри Равалпиндӣ мақомоти пулис бо истифода аз гази ашковар тарафдорони Беназир Бҳутторо пароканда карданд. Ба гуфтаи намояндагони Ҳизби мардумии Покистони хонум Бҳутто, то кунун мақомоти интизомӣ беш аз 5 ҳазор тарафдори онҳоро боздошт кардаанд. Беназир Бҳутторо яке аз рақибони пурқуввати эҳтимолии Парвиз Мушарраф медонанд ва акнун вақт нишон медиҳад, ки оё раисҷумҳури Покистон метавонад, авзоъ дар кишварашро, ки ба қавле буғранҷ мешавад, таҳти назорат нигаҳ дорад.
Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, ки Парвиз Мушаррафро як шарики бисёр наздики худ дар ҷанг ба зидди террор эълом кардааст, нигарон аст, ки шиддат гирифтани танишҳои сиёсӣ авзоъ дар Покистон ва минтақаро бесубот мекунад.
Раиси бозор бояд фавран иваз шавад боварии комил дорам, ки аз ин ҳолати нангин Ҷаноби олӣ бохабар шуда чораи онро ҳатман мебинанд.
Чихеле кунанд накунанд бар зарари мардуми камбагал.беинхам бачахои вазифадоро намераванд ин як рохи даромади вазифадоро...
Ҳай-ҳай офитсери КГБ - Путин аз хони муғул ҳам гузарондӣ-да.... Барои ҳамин Элбосиву Гурбангуливу дигар диктаторҳои дигар аз ту ёд гирифтаанд. Мо ҳам дар Тоҷикистон аз дусто шумоҳо калбосиҳо дар азобем! Ту ҳамаро ба занҳову хешонат тақсим кардаӣ, дигар диктаторчаҳо ҳам ба писару язнаву хешу табору ҷӯраҳо.... Таърих ба шумо магар дарс нашудааст??? Аз Саддому Гитлеру аз Каззофӣ сабақ нагирифтед????
Ин расмхо мисли захролудшавии булачаби Навалний расмхои булачаби бенизом мебошанд.
бозорхои Точикистона бо фурухтани ним метрию як метри чунон танг кардаанд, бозори Фаровони ш.Бохтар гирди бозор дар чои пиёдагард лимон фурушу хот дог фуруш мардум бо рохи мошин рох мераванд. назорат нест, санчиш нест