Имруз Муҳаммад Ҳаниф Атмар-вазири омузишу парвариши Афғонистон эълон кард, ки дар миёни 75 нафар қурбониёни инфиҷори интиҳории 7-уми ноябр дар вилоят Бағлон 59 кудак ва 5 омузгор будаанд. Ин кудакон ба истиқболи ҳайати порламонӣ баромада буданд. Дар ин бамгузорӣ шаш узви порламони Афғонистон ва панҷ нафар аз ҷондорони онҳо низ кушта шуданд. Вазири омузишу парвариши Афғонистон дастуре содир кардааст, ки тибқи он кудакон ба далоили амниятӣ наметавонанд аз ҳайатҳо истиқбол кунанд.