Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аз раҳбарони Ҷопон хост, мӯҳлати ҳузури киштиҳои ҳарбии Тоикоро дар уқёнуси Ҳинд тамдид кунанд. Зимни мухолифони аъзои порлумонми Ҷопон ҳузури ин киштиҳо якуми ноябр қатъ гардид. Вазири умури хориҷии Ҷопон Масаҳико Комура имрӯз баъд аз мулоқот бо Гейтс дар Токио гуфт, ҳукумат ҳама корро мекунад, то хидмати нирӯҳои дарёии Ҷопон, ки барои амалиёти эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон муҳим аст, идома ёбад.