Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабҳаи нави ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон


Раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронса Ҷорҷ Буш ва Николя Саркозӣ дар Вашингтон, 07 ноябри 2007

Рӯзи чоршанбе дар Вашингтон президенти Фаронса Николя Саркозӣ ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ҷабҳаи муштараки ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи куштори ҷамъиро ташкил намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ, ки дар хонаи аввалин президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон доир шуд, ду раҳбар нишон доданд, ки эътилофи фароатлантикӣ эҳё ва ихтилофи миёни ду кишвар дар масъалаи ҷанги Ироқ бартараф шудааст.

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, дар ҷараёни сӯҳбат бо раисҷумҳури Фаронса мувофиқат кардаанд, ки тавассути василаҳои дипломатӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳаставӣ ҷилавгирӣ намоянд. Вай афзуд, ин фикр, ки Эрон соҳиби силоҳи ҳаставӣ хоҳад шуд, хатарнок аст, аз ин рӯ ҳозир вақте мебошад, ки мо якҷоя бо роҳҳои дипломатӣ ин мушкилиро ҳал кунем.

Дар навбати худ раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ бо ишора ба саркашии Теҳрон аз ғанигардонии уран иброз дошт, ки ӯ ҷонибдори тавсеаи таҳрими Эрон аст. Вай гуфт, ин имкон, ки силоҳи ҳаставӣ дар дасти раҳбарони ҳозираи Эрон буда метавонад, барои Фаронса ба таври возеҳ ғайри қобили қабул аст.

Эрон таъкид мекунад, ки ҳадаф барномаи ҳаставии ин кишвар тавлиди нерӯи барқ аст. Ба қавли Саркозӣ, Ҷумҳурии Исломӣ бояд аз ин ҳақ баҳрманд бошад.

Нишасти матбуотии Буш ва Саркозӣ дар хонаи аввалин президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон доир шуд. Дар теппаи Моунт Вернон, ки дар канори шаҳри Вашингтон қарор дорад, ду раҳбар хотирнишон намуданд, ки дӯстии миёни ду кишвар таърихи дусадсола дошта, Фаронса аввалин муттафиқи Иёлоти Муттаҳидаи тозаистиқлол будааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG