Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон ҷангиёни Ал Қоъида боздошт шуданд


Озарбойҷон мегӯяд, гурӯҳи мусаллаҳи афродеро боздошт кардааст, ки дар миёни онҳо инчунин ҷангиёни Ал Қоида низ ҳастанд. Сухангӯи вазорати амнияти миллӣ Ориф Бобоев аз посухи ин суол парҳез кард, ки оё нафарони боздоштшуда ба гурӯҳи моҳи гузашта дастгиршудаи ҷангиёни муттаҳам робита доранд ё на. Тибқи иттиҳоми мақомоти Озарбойҷон, ин нафарон дар андешаи анҷоми як ҳамла дар наздикии сафорати Амрико дар Боку буданд. Вазорат гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса дар Боку 2-3-юми ноябр ҳашт муттаҳам, аз ҷумла як фиристодаи Ал Қоида бо исми Абуҷаъфар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG