Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 вакили порлумони Афғонистон


Сайид Мустафои Козимӣ -- яке аз вакилони кушташуда як моҳ пеш аз ҳодиса.
Сайид Мустафои Козимӣ -- яке аз вакилони кушташуда як моҳ пеш аз ҳодиса.

Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шимоли Афғонистон даҳҳо нафар, аз ҷумла, вакилони порлумони ин кишвар кушта шуданд.

Полис мегӯяд, маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки ҳайати вакилони порлумон ва раҳбарони қабоил аз як корхонаи тавлиди қанд дар вилояти Бағлон дидан мекарданд. Аҳмад Беҳзод, вакили порлумон аз Ҳирот ба радиои "Афғонистони Озод" гуфт, ки инфиҷор ба риштаи умри шаш вакили порлумон, аз ҷумла, собиқ вазири тиҷорати Афғонистон ва вакили мухолифи ҳукумат Сайид Мустафо Козимӣ миқроз задааст.

Ҳамаи вакилони кушташуда узви кумитаи иқтисоди миллии порлумон буданд ва масъулияти назорат аз раванди эҳёи кишварро бар дӯш доштанд. Абдураҳмон Сайидхейл, раиси хадамоти кашфи Бағлон гуфт, қурбониёни ҳодиса он қадар зиёданд, ки ба зудӣ муқаррар кардани теъдоди онҳо душвор хоҳад буд. Қаблан мақомоти маҳаллӣ теъдоди кушташудагонро тақрибан 90 нафар гуфта буданд.

Пажӯҳиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Коршиносон дар робита ба ин ҳодиса ба мушкили шадиди амниятӣ дар Афғонистон ишора мекунанд ва дар ҳайратанд, ки чӣ гуна маргталаб тавонистааст, ба ин корхона роҳ ёбад ва худро дар канори вакилони порлумон мунфаҷир кунад.

Мудҳиштарин таркиши рӯзҳои ахири Афғонистон дар ҳоле рух дод, ки Маҷмааи кулли СММ афзоиши хушунат дар ин кишварро шадидан маҳкум кард. Дар як қатънома, ки дирӯз аз сӯи ҳайатҳои сад кишвар пазируфта шуд, аз ҳукумати Афғонистон даъват шудааст, то “алайҳи таҳдидҳои идомаёбандаи Толибону Ал-Қоида ва инчунин гурӯҳҳои ифротии ҷиноятпеша, аз ҷумла, гурӯҳҳои машғул ба тавлиду қочоқи маводи мухаддир мубориза барад”. Айни ҳол Томас Маттусек, сафири Олмон дар Созмони Милали Муттаҳид эътироф кардааст, ки “барқарорсозии як кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ коре нест, ки зуд анҷом шавад".

XS
SM
MD
LG