Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Саакашвилӣ ба мухолифонаш


Раисиҷумҳурии Гурҷистон дар паёме ба тазоҳургарон талаби онҳоро рад кард ва эътирозҳои Тифлисро ба интихобот дар Русия пайванд дод.

Дар ҳоле ки беш аз 15 000 нафар аз этирозгарон дар назди бинои порлумони кишвар гирдиҳам омада будаанд, Саакашвилӣ дар мусоҳибаи телевизиониаш изҳор дошт, интихоботи порлумони ва раёсатҷумҳурӣ тибқи қонуни асосӣ тирамоҳи соли 2008 доир мегарданд ва касе наметавонад, ба ҳукумат бо таҳдид шартҳои худро гузорад.

Эътирозҳои серӯзаи оммавӣ дар Тифлис бузургтарин мушкили ҳукумати Саакашвилӣ, баъд аз сари қудрат омаданаш, дар натиҷаи инқилоби садбаргии соли 2003, бо он рӯбарӯ мешавад.

Бо сабаби он ки Саакашвилӣ талаби баргузории интихоботи пешазмӯҳлати порлумониро нодида гирифт, раҳбарони мухолифин рӯзи шанбе хостори истеъфои ӯ шудаанд.

Соли гузашта қонунгузорони гурҷӣ ба қонуни интихобот чанд тағйир ворид карда, салоҳиятҳои порлумонро васеътар ва интихоботи президентиро аз моҳи апрели соли 2007 ба охири соли 2008 таъйин карданд. Тақозои онҳо дар як вақт баргузор кардани интихоботи порлумониву президентӣ буд.

Аммо ҳоло, мухолифин тақозо мекунанд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ пеш аз вақт барпо шавад ва ин он талабест, ки шоми якшанбе Михеил Саакашвилӣ рад кард.

Бо омадани Саакашвилӣ ба сари қудрат, назар ба мушоҳидаҳои нозирон, ин кишвар шоҳиди чандин ислоҳоти чашмраси иқтисодиву сиёсӣ шуд, аммо ҳамоно, мушкилҳои зиёд домангираш мебошад. Манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхазистон, ки бо Маскав иртиботи наздик доранд, Тифлисро дар коми бӯҳронҳои сиёсӣ қарор додааст. Аз ин хотир, аксар шореҳон мегӯянд, ки мардуми Гурҷистон гаравгони бозиҳои сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ шудааст. Худи Саакашвилӣ сиёсатмадори ғарбгаро буда, ваъда дода буд ҷумҳурии кучаки худро узви паймони атлантики шимолӣ -- НАТО ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад кард ва ин иқдоми ӯ ҳам пайваста бо вокунишҳои шадиди Русия рӯбарӯ шудааст. Шоми якшанбе, Саакашвилӣ дар паёми телевизионии худ бо муроҷиат ба мухолифин гуфт, ки намоишҳои эътирозии онҳо дар пешорӯи интихоботи порлумонии Русия баргузор мешавад ва ин баёнгари рӯшани он аст, ки дар ин ҳама таҳаввулот сояи Маскав дида мешавад.

Раҳбарони мухолифин, ки ғолибан аз 10 ҳизби ҳампаймонҳои собиқи Саакашвилӣ иборат буда, аз ҷараёнҳои сиёсии чаҳор соли охир дар канор мондаанд, аслан аз сиёсати ғарбгарои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Мояи аслии ноқаноатмандии онҳо шеваи шадидуллаҳни раҳбарии президент аст.

Бо вуҷуди норозигиҳои фарогири мардумӣ намояндагони кишварҳои Ғарб хушбинона мегӯянд вазъи Гурҷистон нигаронкунанда нест. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Раиси Шурои Аврупо Террӣ Девис изҳор дошт: "Ман боварии комил дорам ки Гурҷистон дар тули 20 соли охир ба пешравиҳои қобили таваҷҷӯҳ ноил гашт. Ҳамин тавр ман дар нисбати Гурҷистон ва вазъият назари хушбинона дорам. Албатта, ин маънои онро надорад, ки мардуми назди порлумон гирдиҳам омада бояд пароканда шуда ба манзилҳояшон баргардаанд ё мисли ҳамин. Онҳо ҳақ доранд мавқеъашонро иброз кунанд."

Хабарнигори Франс Пресс аз Тифлис менависад, Саакашвилӣ барои ислоҳоти демокративу ҷорисозии низоми бозори озод дар Ғарб ситоиш мешавад, аммо мухолифони вай мегӯянд, ки зери ниқоби обрӯи мусбати беруна дар дохили Гурҷистон мушкил хеле зиёд аст, мисли бузургманишиҳои ҳукумат, таъқибҳои сиёсӣ, нақзи низоми адлия ва болоравии тафовути миёни қишри сарватманду нодори ҷомеа.

XS
SM
MD
LG