Ираклий Окруашвилӣ чанд рӯз баъд аз он дастгир шуд, ки бо лаҳни шадиде раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро танқид кард ва ҳатто гуфт, Михаил Саакашвилӣ дар вақташ аз ӯ хостааст, то чанд нафар шахсияти бонуфузро нобуд кунад.
Муовини додситони Гурҷистон Ника Гварамиа билофосила баъд аз боздошти Ираклий Окруашвилӣ баён дошт, ки вай ба чанд ҷиноят: яъне, ба азхуд кардани маблағҳои давлатӣ, шустушуи пул, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва бемасъулиятӣ муттаҳам мешавад.
Ираклий Окруашвилиро чанд рӯз баъд аз он боздошт карданд, ки вай бо таъсиси Ҳизби наве бо унвони Ҷунбиши Гурҷистони воҳид, раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилиро ба фасодкорӣ муттаҳам кард. Ираклий Окруашвилӣ гуфт, Михаил Саакашвилӣ дар вақташ ба ӯ дастур додааст, то яке аз чеҳраҳои шинохта ва тоҷири сарватманди гурҷиро нобуд кунад, вале далеле дар ин робита ироа накард.
Агарчӣ ҳукумати Михаил Саакашвилӣ дар робита ба ин иттиҳомот то кунун расман вокуниш нишон надодааст, аммо шарикони раисҷумҳури Гурҷистон он иддаҳоро беасос ва дуруғ номидаанд.
Бо назардошти интиқодоти ахир аз раисҷумҳур, аҳзоби мухолифи давлати Михаил Саакашвилӣ боздошти вазири собиқи дифоъро, ки ба тозагӣ ба саҳнаи сиёсат бозгашт, оғози террори сиёсӣ ва саркубии оммавӣ аз тарафи ҳукумат хондаанд. Онҳо мегӯянд, боздошти Ираклий Окруашвилӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
Тина Хидашелӣ, раиси Ҳизби мухолифи Ҷумҳурихоҳ, ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки ҳукумати Гурҷистон талош дорад, ба даҳони ҳар нафаре, ки ба зидди онҳо сухан мегӯяд, муҳри хомушӣ занад. Аҳзоби мухолифи нотифоқи Гурҷистон қавл додаанд, ки ба зидди ин иқдоми давлат эътироз хоҳанд кард.
Ираклий Окруашвилӣ, ки дар айёми фаъолияташ бо баёнияҳои мухталифу ҷанҷолӣ низ дар миёни мардум ҳамчун ватандуст шуҳрат ёфт, соли гузашта аз мақоми вазири рушди иқтисодӣ барканор шуд.
Пештар аз ин вай ба ҳайси додситони кулл ва вазири дифоъи Гурҷистон кор кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсии гурҷӣ, чун дар Гурҷистон эҳсосоти миллатдӯстӣ қавӣ аст ва Ираклий Окруашвилӣ ҳамчун ватандӯст, тарафдори арзишҳои суннативу мазҳабӣ дар миёни мардум шинохта шудааст, боздошти ӯ метавонад, ҷанҷолҳоеро дар Гурҷистон барангезад. Дар кишваре, ки бе ин ҳам бо минтақаҳои ҷудоихоҳаш ба мисли Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дарди сарҳои бисёре дорад.

И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надоран
Рашти ту худат Чи кардаи, барои хохарат, хешу табори, хамсояхат, модарону, хохарони ватанат???????? Пас савол ба худат, мурдани Ки бехтар ????! Бо мардони мард суханатро дониста навис...
Кандаша занад. Боз як чазираро обод кардааст. Барои ояндаи давлатдорону , ояндаи Халки Россия. Бехтарин. Чизе кардааст барои ояндаи Россия кардааст. Дар дигар давлатхо нееее дар худи Россия сохтааст. Ош шавад. Метавонад национальный дворец кунад инро.
Агар дар Точикистон барои гирифтан ва додани пора инсон ба чавобгари кашида шуда ба махбас равад дар озоди танхо хайвонот мемонанд.
Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе