Дар сӯҳбат ба хабарнигорон ба думболи ин мулоқот ӯ “ба зарурати рушанӣ андохтан ба ҳама масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ва ба ин васила аз байн бурдани шубҳаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва эҳёи эътимод ба ин барнома” низ таъкид кардааст.
Раҳбари идораи сиёсати берунаи Русия эълом дошт, ки кишвараш мухолифи таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон аст, зеро ин амал, ба қавли ӯ, “ба идомаи талошҳои дастаҷамъӣ барои ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эрон кумак нахоҳад кард”. Қабл аз ин сафари ғайриинтизор ва кӯтоҳи Сергей Лавров ба Теҳрон Владимир Путин, раисҷумури Русия, аз таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Эрон интиқод карда буд.
Ҳафтаи гузашта Вошингтон алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Сипоҳи Қудс – як ниҳоди шибҳанизомӣ, ки масъули фаъолиятҳои ҷосусӣ дар хориҷи кишвар аст, ва ҳамчунин чаҳор бонки давлатии Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо низ ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон омодагӣ мегирад ва ҳадафи он фишор овардан болои Эрон барои қатъи ғанисозии ураниум арзёбӣ мешавад. Ин раванд миёнаҳои моҳ дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург шурӯъ шуд ва айни ҳол мавзӯъи эълони таҳримҳо дар сатҳи коршиносон матраҳ мешавад.
Афзоиши фишори Иттиҳоди Аврупо болои Эрон аз мавзӯъҳои аслии музокироти Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ва Ҷорҷ Буш, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хоҳад буд, ки интизор меравад ҳафтаи оянда дар Вошингтон доир шавад.
Аз нигоҳи коршиносон, Иттиҳодияи Аврупо метавонад ба феҳрасти ширкату афроди алоҳидаи эронӣ, ки аллакай мавриди таҳрим қарор доранд, боз чанд ширкату афроди навро шомил кунад. Дар қадами баъдӣ шояд бонкҳои давлатии Эрон низ ба ин феҳрасти Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд.
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.

Гандуму дону ғалла, орду сабӯсу палла, Хоку замину пору, обу каланду салла! Халқи тайёрахӯри мо ҳамеша дастнигари дигаронем. Замин дар ихтиёр, оби мусаффои фаровон, “вроде” мардуми заҳматкашу деҳқон дорем, ҳанӯз ҳам аз камбуди гандуму қимматии орд азият мекашем. Оё гандумкорӣ ҳам “терроризм” аст? Оё деҳқонӣ “сепаратизм” аст?
"Озоди" ба чотон ман шарм доштум - "рУстанипарвари" :)
Statistikai hukumat ham az dasti fassodkoriash shubhanok ast!