Расман ба нерӯҳои низомии Мянмар ҷавонон аз синни 18 ва дар асоси шартнома пазируфта мешаванд, аммо ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, бинобар он, ки теъдоди хоҳишмандон барои хизмат кофӣ нест, низомиёни Мянмар аз ҳисоби сарбозони ноболиғ сафи артиши худро пур мекунанд.
Дидбони ҳуқуқи башар теъдоди сарбозони наврас дар Мянмарро беш чанд ҳазор медонад, ки баъд аз 5 моҳи тамрин онҳо ба қисмҳои низомие фиристода мешаванд, ки бар зидди ошӯбгарон мубориза мебаранд. Режими низомии Мянмар мавҷуд будани чунин мушкилро рад намекунад ва мегӯяд, аз ҷониби онҳо барои таҳқиқи ин масъала як кумитаи махсус ташкил шудааст, аммо Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, режими низомии Мянмар вонамуд мекунад, ки дар пайи ҳалли ин мушкил аст.
Ба этиқоди Джо Беккер, ҳуқуқшиноси Ҳуман Райтс Вотч, мақомоти болоии кишвар ба масъалаи истифодаи бераҳмонаи кӯдакон ва ҷалби иҷбории онҳо ба нерӯҳои низомӣ аз пушти панҷа назар мекунанд. Ба гуфтаи вай ба сарбозон озодии комил дода шуда ва онҳо ҳар гуна ки мехоҳанд рафтор мекунанд, зеро медонанд, ки барои ҷинояташон муҷозот намешаванд.
Дидбони ҳуқуқи башар аз шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тақозо кардааст, ба мушкили сарбозони ноболиғ дар Мянмар расидагӣ кунад.