Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони ғайриафғон дар Афғонистон


Кормандони пулис дар як постгоҳи шаҳри Гардез мошини аз нигоҳашон шубҳанокеро манъ карданд. Шояд таваҷҷуҳи онҳоро қомати баланди хонуми фаранҷипӯш ба худ ҷалб намуд. Хонум дар посух ба суолҳои пулис хомуширо ихтиёр кард ва аз ин шубҳаи кормандони пулис бештар шуд. Ва чун парда аз рӯи хонум бардоштанд, онҳо муддате лол монданд – фаранҷипӯш риши сурх ва чашмони кабуд дошт.

Баъди чанд лаҳза кормандони пулиси Гардез ба дастони Андрей Баталов – сокини 27 солаи Сибири Русия завлона заданд – аз мошини ӯ тақрибан ним тонна маводи тарканда ошкор гардид. Мақомоти Афғонистон ҳадс мезананд, ки Баталов чун садҳо размандагони хориҷие, ки барои аз сӯи Толибон ҷангидан ба Афғонистон омадаанд, ба ҳамлаи маргталабона омодагӣ мегирифт.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бештари размандагони хориҷӣ шаҳрвандони Покистон, Узбакистон, Чеченистон, кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин аз Туркия ва манотиқи ғарбии Чин вориди Афғонистон мешаванд.

Нашрияи New York Times менависад, ки на ҳамаи размандагони хориҷӣ ба сафи ошубгарону маргталабҳо мепайванданд. Бархе аз онҳо мушовирони низомиянд ва аммо аксаран фармондеҳони сатҳи поин ва миёнаанд ва ё ошубгарони маҳаллиро машқи ҳарбӣ таълим медиҳанд.

New York Times бо такя ба иттилоъи дипломатҳои ғарбӣ менависад, ки хориҷиён дар манотиқи қабоилнишини Покистон – манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон ба таълими маргталабҳо, ташкили коргоҳҳои тавлиди маводи мунфаҷира ва ҳатто таҳияи матолиби сомонаҳои интернетии Толибон машғуланд.

Ва аммо гуфта мешавад, теъдоди дақиқи размандагони хориҷии ба сафи Толибон пайваста маълум нест. Мақомоти кашфи Амрикову Афғонистон ҳадс мезананд, ки айни ҳол ба сафи Толибони Афғонистон тақрибан 10 ҳазор нафар шомиланд ва аммо фақат ду ё се ҳазори онҳо барои арзишҳои исломӣ меҷанганду халос. Афроди боқимонда онҳоеанд, ки ё бо фасод дар ҳукумат рӯ ба рӯ шудаанд ё аз куштори мардуми бегуноҳ бар асари бомборони ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба хашм омаданд ё фақат мехоҳанд маблағе пайдо ва хонаводаҳои худро таъмин кунанд. Гуфта мешавад, ки аз 5 то даҳ дар сади онҳое, ки барои арзишҳои исломӣ меҷанганд - яъне аз 100 то 300 нафар аз дигар кишварҳо ба Афғонистон омадаанд.

Дипломатҳои ғарбӣ тахмин мезананд, ки дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай барои музокирот бо Толибон теъдоди хориҷиён шояд коҳиш биёбад, зеро Кобул паёми рушан додааст, ки онҳо дар мавриди халъи силоҳ ва ба пайвастан ба ҳукумат фақат бо Толибони афғон гуфтушунид хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони ғарбӣ ба комёб шудан ва ҳатто доир шудани музокироти ҳукумат бо Толибон шубҳа мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, размандагони хориҷӣ ҳарчӣ бештар мавқеъҳои калидии Толибонро ишғол мекунанд, аз ҷумла, ҷойи фармондеҳонеро, ки бар асари амалиётҳои НАТО ва неруҳои таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG