Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз ҳукми бамгузорони Мадрид эълон мешавад


Қарор аст, имруз додгоҳ ҳукми худро ба 28 нафаре, ки барои бамгузории Мадрид дар соли 2004 муттаҳам дониста мешаванд, эълон кунад. Он вақт дар натиҷаи бамгузорӣ дар қатори мусофирбар 191 нафар кушта, тақрибан 2 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд. Ин марговартарин сияҳкорӣ ва амали террористии шабакаи Ал-Қоъида дар қаламрави Аврупо буд. Интизор меравад, ки ҳафт нафар аз гунаҳгорон маҳкум ба муҷозоти эъдом шаванд. Гунаҳгорони дигар барои солҳои мухталиф равонаи зиндон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG