Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчӣ дар фурудгоҳи эҳтиётӣ дастгир шуд


Дар фурудгоҳи шаҳри Нижний Новгороди Русия як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар меъдаи ӯ 122 капсулаи ҳероин ёфтаанд, ки вазни поки ҳероини мусодирашуда 850 граммро ташкил медиҳад. Мақомоти Русия бар пояи модаи "қочоқи маводи мухаддир" парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Мансабдорони Русия ба хабарнигори Итар-тасс гуфтаанд, ки қочоқчӣ дар масири Душанбе-Маскав ҳаракат дошт, вале аз сабаби ҳавои номусоиди 27 октябр ҳавопаймо маҷбуран дар Нижний Новгород фуруд намуд.

Афсарони гумрук бино бар маълумоти пешакӣ қочоқчиро тафтиш кардаанд. Ходимони раёсати гумруки минтақаи назди Волгаи Русия гуфтаанд, онҳо барои аввалин бор шахсеро дастгир намуданд, ки маводи мухаддирро дар меъдааш интиқол медод.

XS
SM
MD
LG