Ба иттилоъи хабаргузориҳо, намоишҳои сериздиҳомтарин дар се шаҳр - Ню Йорк, Чикаго ва Сан Франсиско баргузор шуданд.
Мардуми эътирозгар дар ҳоле ба хиёбонҳо рехтанд, ки аз райъдиҳӣ дар Сенати ИМА оид ба доир кардани амалиёти низомӣ дар Ироқ панҷ сол сипарӣ шуд – он вақт Сенат аз ҳамла ба Ироқ пуштибонӣ карда буд.
Эътирозгарон, аз ҷумла, пайвандони сарбозоне, ки дар Ироқ хизмат мекунанд, аз Конгресси Иёлоти Муттаҳида талаб намуданд, то сармоягузории ҷангро қатъ кунад.
Черил Вертс – раиси ҷунбиши “Аъмоли сулҳ дар иёлати Ню Йорк” ва яке аз созмондиҳандагони намоиши зиддиҷангӣ гуфт, ки “Ироқ аз сӯи артиши Амрико ғайриқонунӣ забт шудааст ва мо бояд коре карда ба он хотима бахшем”.
Улусес Килгор, яке аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Ню Йорк гуфт, онҳо дар намоиш алайҳи сиёсати хориҷаи кишвар ва камфаъолияти Конгресси нав садо баланд кардаанд.
Ба гуфтаи эътирозгарон, беҳтар мебуд агар мақомот 500 миллиард доллари, тибқи иттилоъи онҳо, барои ҷанг дар Ироқ сарф шударо дар рушди маориф, бунёди манзил барои афроди камбизоат ва кумак ба мардуми бечораҳол сарф мекарданд. Ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ бо лаҳзаи сукут аз қурбониёни ҷанги Ироқ ёд оварданд.
Ofarin shoir, hamesha baythoyaton xondanibob va oliand!
Бигузор 15-20 соли хабс кунанд ин бадбахтонро. Холо наздикони ин шурбахто даьво доранд, ки касеро инхо накуштаанд инхо аз куштан бадтар мекунад агар дам назананд. чунин Як ходиса руй додан буд 2 сол пеш дар хизмат. Як Сарбозро аз дехаи Абдулободи Ш. Вахдат берахмона мезананд дар хизмат. Пояш мешиканад. Осеб дигар шифо наефт ва пои чавонро буриданд. Ин хам пеши захми бардоштаашро нагирифт. Худи дируз чавон мурд. Ду сол бечора азоб кашид.Имруз дар намози чанозааш иштирок кардем дар дехаи исроилобод. Пас аз намози чумьа. 24 сола чавон имруз аз зулми чунин бадбахто дунеи фониро тарк кард.
Инҳоро 10 соли суд кунад ба дигарон дарси ибрат шавад бигзор
Вакте ба як фыси бини факат ба хотири фарзани фалони быданыш рутбаи генерал метан ман холо хайроным ки чихел умуман ин артиш вучуд дорад...ин артиш не ин кормушкаи одамхурон аст...
Сабаб ДУЗДИ-и дуздон дар сари КУДРАТ аст...ана акнун фахмиди САБАБ чи хаст.