Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабоиши 11 пешвои сунниҳо дар Ироқ


Дируз дар наздикии истгоҳи автобусҳо дар шаҳри Каркук воқеъ дар шимоли Ироқ баме мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа дастикам 7 нафар кушта шудаанд. Матбуот ва мақомоти расмӣ иттилоъ медиҳанд, ки дируз 11 нафар раҳбарони қабилаҳои суннии вилояти Диёла дар Бағдод- пойтахти Ироқ рабуда шудаанд. Дар хабари дигар Масъуд Барзанӣ-раҳбари минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ гуфтааст, вай ҳеҷ як аз шуришиёни курдро, ки пойгоҳҳояшон дар шимоли Ироқ аст ва дар қаламрави Ироқ боздошт мешаванд, ба Туркия таслим нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG