Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори тозаи Туркия ба ҷудоихоҳони курд


Раиси ҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул имрӯз гуфт, кишвараш барои хотима додан ба муқовимати ҷудоихоҳони курд, ки дар хоки Ироқ паноҳ мебаранд, аз ҳар гуна иқдоми заруриро хоҳад андешид. Ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Анкара Абдуллоҳ Гул гуфт, Туркия ба тамомияти арзии Ироқ эҳтиром мегузорад, вале сабраш ба поён омада ва "истифодаи хоки Ироқ барои амалиёти терористиро" таҳаммул нахоҳад кард. Имрӯз як ҳайъати олирутбаи Ироқ вориди Туркия мешавад, то роҳҳои поён додан ба бӯҳрони эҷодшуда дар мавриди ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркияро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG