Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши амонатҳо дар бонкҳои Тоҷикистон


Ҳаҷми амонатҳо дар дар бонкҳои Тоҷикистон аз январ то сентябри соли равон 87,6 дар сад афзуда дар кулл беш аз 2 миллиард сомони (беш аз 600 милиён доллар)-ро ташкил додааст.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон дар як гузориши худ хабар додааст. Дар гузориш омадааст, ки дар таркиби амонатҳо афзоиши бештарро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намудаанд, ки нисбати аввали сол ду баробар, яъне то 460 милиён сомонӣ (134 милиён доллар) афзудаанд.

XS
SM
MD
LG