Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон ширкатҳои муҳофизатиро назорат мекунад


Иёлоти Муттаҳида назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои хусусии муҳофизатии амрикоӣ дар Ироқро шадидтар мекунад. Тибқи санаде, ки ахиран аз сӯи Кондализа Райс – Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида имзо шуд, тартиби қабули кормандони ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ сангинтар ва истифодаи неру аз сӯи онҳо ҷиддан назорат мешавад. Ҳамчунин дар санад омадааст, ки муҳофизон бояд ҳамоҳангии фаъолияти худ бо низомиёни амрикоиро беҳбуд бахшанд.

Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки «мо пеш аз ҳама мехоҳем, ширкатҳои хусусие, ки дар бахши амният фаъолият доранд, бо аъмоли худ ҳадди аққал ба сиёсати хориҷии мо ва дастрасӣ ба аҳдофи амнияти миллӣ дар Ироқ, Афғонистон ва дигар манотиқ мухолифат накунанд. Аслан мо мехоҳем умедвор бошем, ки фаъолияти ин гуна ширкатҳо ба сиёсати мо кумак хоҳад кард”.

Ин чораҳо – вокуниш ба як фоҷиаи моҳи гузашта дар Бағдоданд, ки кормандони ширкати амрикоии Блэкуотер ҳангоми дифоъ аз дипломатҳои амрикоӣ чаҳор сӯ бенизом оташ кушода дасти кам 17 сокини осоиштаи пойтахти Ироқро куштанд.

XS
SM
MD
LG