АЙСАФ ё нируҳои байналмилалии кумаки амниятӣ дар Афғонистон гуфтаанд, дируз дар ҷараёни даргирӣ бо тундравҳо дар шимоли шарқи Афғонистон як сарбози онҳо кушта шудааст. Ҳоло дар суфуфи нируҳои АЙСАФ ё нируҳои байналмилалии кумаки амниятӣ дар Афғонистон ҳудуди 40 ҳазор низомӣ аз 37 кишвар хидмат мекунанд. Дар бораи миллати сарбози кушташуда хабар дода намешавад. Соли ҷорӣ тақрибан 185 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд. Бештари онҳо дар даргириҳо кушта шудаанд.