Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар 9 моҳ 99 далларо боздошт кардааст


Тайи нӯҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 99 нафар бо ҷурми даллагӣ ва боз кардани фоҳишахонаҳо боздошт шудаанд. Ба гуфтаи Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, феълан дар ин кишвар мизони танфурӯшӣ афзун гардида ва боиси нигаронии мақомот шудааст. Оқои Солеҳов дар шарҳи сабаби афзоиши мавориди танфурӯшӣ гуфт, сабабҳои аслӣ тарбияи нодуруст ва заъифи хонаводаии ҷавондухтарон ва сатҳи баланди бекорӣ дар миёни онҳо будааст. Дар мавриди шоеъоте, ки гӯё баъзе аз кормандони милиса ҳам бо фоҳишаҳо ҳамкорӣ доштаанд, вазири дохила гуфт, Раёсати амнияти дохилаи ин ниҳод муваззаф шудааст, дар ин иртибот тафтиш барад. Бино бар хабари Вазорати умури дохила, дар соли равон танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1100 корманди ба истилоҳ машғул ба «тиҷорати тану нафс», мавриди боздошт қарор гирифта, барои ташхис ва муолиҷа ба дармонгоҳи бемориҳои пӯсту ҷимоъ равона шудаанд.
XS
SM
MD
LG