Оқои Жидников гуфт, ин тасмим бархурди замони Шӯравиро ба хотир меорад. Ба андешаи ӯ, дар ҳоле, ки Тоҷикистон рӯ ба демократия гом мезанад, чунин бархурди ҳукумат хилофи равандҳои демократӣ ва озодии инсон аст,
Ба иттилоъи оқои Жидников, моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон беш аз ду тонн адабиёти мазҳабии онҳо, ки аз Олмон расида буд, боздошт шуда буд, онҳо барои бозпас гирифтани он китобҳо то ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд, вале бидуни натиҷа.
Ба гуфтаи раиси созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Қазоқистон, созмони онҳо дар 200 кишвари дунё озодона фаъолият мекунад ва ин бори нахуст аст, ки дар як кишвар ин созмонро ғайриқонунӣ эълон карданд. Ӯ гуфт, имсол дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбакистон низ фаъолияти ҳаммазҳабони онҳо боздошта шуд, вале дар шаҳри Чирчиқи ин кишвар «Шоҳидони Яҳво» фаъолияти хешро идома медиҳанд. Дар дигар кишварҳои минтақа, аз чумла дар Қирғизистону Қазоқистон барои фаъолияти онон ягон садде мавҷуд нест. Дар Қазоқистон ҷонибдорони онҳо ҳудудан 15 ҳазор нафар будаанд. Дар маҷмӯъ, дар дунё «Яҳво» беш аз 6,5 миллион «шоҳид» доштааст.
Сарвари созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Қазоқистон таъкид кард, ки ҳаммазҳабони онҳо дар Тоҷикистон, ки шумораашон қариб 1000 нафар аст, ба мақомоти дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, то тавонанд дар ин кишвар озодона фаъолият кунанд.
Корбарони азиз аз шумо хоҳиш мекунам сурати интернетро соз кунед
Салом алайкум ҳамватанони азиз агар дар Тоҷикистон ҳаммаи кампания бо суръати баланд интернетро месохтанд 9 млн одам дар кишвар аз суръати пас и интернетрда азоб намекашуд
Гадои сар шуд
Мардуми содда, гумон мекунанд, ки бо хондани намоз дар масҷид ҳамаи мушкили зиндагиашон ҳал мешавад. Агар шабу рӯз намоз хонӣ фоида надорад, то кор накунд як луқма нон ёфта наметавонед. Ба умеди биҳишт нашавед, ки аз афсона беш нест. Ба умеди ҳеҷ кас нашавед, аз худатон намонед.
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша