Сайидбек Муҳаммадалиев, сардори шӯъбаи ташхиси дини сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин тасмим бо дастури додситонии кулл баъд аз таблиғи рӯирост барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Артиши кишвар ва фаъолияти ғайриқонунии созмони «Шоҳидони Яҳво» гирифта шуд.
Вай афзуд, қаблан Кумитаи дини назди раёсати ҷумҳурӣ фаъолияти созмони «Шоҳидони Яҳво»-ро барои 3 моҳ мутавақиф карда буд, то фаъолияти худро танзим намояд, аммо, ба гуфтаи ӯ, ин созмон то кунун тақозои кумитаро нодида гирифтааст. С. Муҳаммадалиев гуфт, раёсати ин созмони мазҳабӣ теъдоди дақиқи пайравони худро пинҳон нигоҳ медоранд. Вале, гуфта мешавад, феълан беш аз 1 000 сокини Тоҷикистон, ки намояндагони миллатҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикон ҳастанд, аъзои «Шоҳидони Яҳво» мебошанд.
Бархе аз пайравони ин созмони мазҳабӣ мегӯянд, таблиғи мазҳабии худро тибқи низомнома ва дар чаҳорчӯби қонуни Озодии эътиқод анҷом додаанд, на бештар аз он. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки доир ба қарори вазорати фарҳанг ба раисҷумҳури Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.
Сомонаи интернетии «Шоҳидони Яҳво» ҳарчанд роҷеъ ба манъи фаъолияти худ дар Тоҷикистон матлабе нашр накардааст, аммо менависад, ки таърихи ин созмони мазҳабӣ аз соли 1870 оғоз меёбад. Нахуст онҳо “Пажӯҳишгарони навиштаҳои Муқаддас” ном доштаанд, аммо дар соли 1931 ин пажӯҳишгарон ба худ номи «Шоҳидони Яҳво»-ро гирифтаанд.
Бино бар иттилоъи саҳфаи интернетии марбут ба «Шоҳидони Яҳво», ин созмон миллионҳо пайрав дорад, ки аз тамоми кишварҳои дунё мебошанд. Дар ин сафҳаи интернетӣ оварда шудааст, ки идораи марказии созмон дар шаҳри Нию-Йорки Амрико воқеъ аст. Дар ҳамин ҳол, таълими «Шоҳидони Яҳво»-ро, ки аз номи Исои Масеҳ ва аз номи китоби муқаддаси ӯ - «Инҷил» таркиб меёбад, раҳбари созмони миссионерии «Надежда»-и марбут ба инҷилгароёни Тоҷикистон нодуруст ва ғайривоқеъӣ медонад.
Ин дар ҳолест, ки сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, фаъолияти боз ду созмони мазҳабии «Ҳаёти фаровон», марбут ба Иттиҳоди инҷилгароҳои баптистӣ, ва созмони масеҳии «Эҳё»-ро барои се моҳ мутафаққиф карда, огоҳинома додааст. «Ҳаёти фаровон», созмони мазҳабии инҷилгароёни баптистӣ, дар рӯбарӯи Қасри раисҷумҳури Тоҷикистон фурӯшгоҳи бузурги китобҳо дорад, ки аз китобҳои масеҳӣ иборат аст. Ҳоло бо хат задани номи «Шоҳидони Яҳво» аз номгӯйи созмонҳои динии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон шумораи онҳо ба 85 адад расид.
Миллион сарбозу Калашников ва дигар танку туб дошта боши дар хозир ягон кумак карда наметнад!ин тачхизот хо хамаш асри 19-20...хозир бояд ракета 4-5поколени самалиёт ва дигар тачхизот хои хавои зарур ва бошад вагарна ин автомату дигар тачхизот Кати хечи карда наметони ...
Эффект хаст, например, хар руз маълиму духтур бо пора ба маблаги 100 ё 200 сомони ба даст меафтанд ку
Худо куват дихад пирузи навбати таманно дорем!!!
Мухтарам корбарони РО, хохишмандем аз натичаи ин гузоришатон хабар медодед. Сохибкорони бозор мунтазири натича хастанд, ин казия халли худро ёфт ё ин ки касе гурбаи ин раисро ''пишт'' гуфта наметавонад???
Ҳақ омад ботил азбай меравад ҳаройина ботил раванда аст