Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ҳам сипари зиддимушакӣ месозад


Япония ё худ Ҷопон иброз доштааст, ки сипари муштараки зиддимушакии ИМА ва Япония бар муқобили Русия сохта намешавад ва Токио тасмим дорад, бунёди онро идома диҳад.

Имрӯз дар Токио баъди музокирот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Япония Масаҳико Комура гуфт, сипар барои муҳофизати Япония зарур аст. Татбиқи ин лоиҳа соли 1998 баъди парвози мушаки Кореяи Шимолӣ аз болои Япония оғоз ёфта буд. Маскав бар ин назар аст, ки иҷрои ин барнома метавонад боиси сабқати таслиҳотӣ дар минтақа гардад.

XS
SM
MD
LG