Интихоботи раиси ҷумҳури Лубнон то 12 ноябр ба таъхир уфтод. Дар ин бора имрӯз раиси порлумони Лубнон Набӣ Беррӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки интихоботи раисиҷумҳур 23 октябр доир шавад ва аммо неруҳои мухолифи порлумон дар мавриди як номзади барои ҳама ҷонибҳо мувофиқ ба созиш нарасиданд.
Мӯҳлати раёсати президенти феълии Лубнон Эмил Лоҳуд рӯзи 23 ноябр поён меёбад. Раисиҷумҳури Лубнон аз сӯи порлумони кишвар интихоб мешавад.