Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 80-дарсада дар референдуми Қирғизистон


Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон эълон кард, ки ширкати райдиҳандагон дар райпурсӣ барои ворид овардани тағиру иловаҳо дар Қонуни асосии нави ин кишвар зиёд будааст. Дар ин кишвар 2 миллиону 700 ҳазор райдиҳанда вуҷуд дорад ва бино ба иттилоъи кумиссюн 80 дарсади онҳо дар райдиҳӣ ширкат ҷустаанд. Нозирони мустақили маҳаллӣ мегуянд, дар баъзе маворид баргаҳои тақаллубии райдиҳӣ низ ба қуттиҳо андохта шудааст. Баъзе аз раҳбарони нируҳои мухолифи давлат дируз ин райпурсиро василаи тақвияти қудрати раёсати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд ва аз ҷонибдорони худ хостанд, ки бар зидди қабули тағйиру иловаҳо дар Қонуни асосӣ рай диҳанд.

XS
SM
MD
LG