Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Ереван меояд


Фардо, 22 октябр, қарор аст, раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо як сафари корӣ аз Ереван, пойтахти Арманистон дидан кунад.

Сафари дурӯзаи вай ба Ереван аз дидору гуфтугӯҳо бо раисҷумҳури Арманистон Роберт Кочарян ва имзои чанд санади ҳамкориҳои дуҷониба иборат хоҳад шуд.

Дар барномаи сафари Аҳмадинажод ба Ереван инчунин мулоқот бо раиси парлумон, боздид аз лавҳаи хотираи қурбониҳои артиши туркони усмонӣ дар солҳои 1915-1917 ва мулоқот бо ҷомеаи эрониҳои муқими Арманистон дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG