Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Афғонистон пулест миёни кишварҳои ЭКО


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, бо ҳадафи баҳрабардорӣ аз захираҳои табиӣ ва рушди тиҷорат Афғонистон ва ҳамсояҳояш бояд як маъракаи муштарак бар зидди терроризмро раҳандозӣ намоянд. Имрӯз дар шаҳри Ҳироти Афғонистон Карзай дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақа (ЭКО) суханронӣ намуд. Ӯ гуфт, Афғонистон метавонад ҳамчун пуле дар миёни 10 кишвари узви ЭКО хидмат намояд.

Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Туркия ва панҷ ҷумҳурии собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ узви созмони ЭКО мебошанд.

XS
SM
MD
LG