Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими ширкат дар интихобот баъди чандин сол


Созмони ҲДТ дар шаҳри Кӯлоб (гурӯҳи М. Собиров) тасмим гирифт, ки номзади худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии № 37 (Кӯлоб) гузоранд.

Демократҳои гурӯҳи М. Собиров ин тасмимро баъди солиёни зиёди ширкат накардан дар интихоботи Маҷлиси намояндагон гирифтааст. Гуфта мешавад, интихоботи миёндаврӣ (баъди вафоти вакили порлумон Х. Шарифов) дар ин ҳавза дар таърихи 16-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Ба гуфтаи Амрохон Сафаров, раиси созмонҳои муттаҳидаи минтақавӣ ва шаҳрии Кӯлоби ҲДТ (ҷиноҳи М. Собиров), нияти қатъии пешбарии номзади худро ба интихобот доранд. Ӯ гуфт: «Агар ҲХДТ, ҳамчун рақиби асосӣ ва довталаби барандагӣ дар интихобот, дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ танҳо аз рақобати солим даст гирад, мо умеди пирӯзӣ дорем.

XS
SM
MD
LG