Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназир Бҳутто ба Покистон баргашт


Собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто ба ватан баргашт.

Имрӯз ӯ бо ҳавопаймо вориди шаҳри Карочӣ шуд. Бозгашти Бҳутто, ки баъди ғурбати ҳаштсола ба вуқӯъ пайвастааст, дар маркази ҳаёти сиёсии Покистон қарор дорад. Дар арафаи бозгашти Бҳутто беш аз дусад ҳазор нафар ба пешвози ӯ баромаданд.

Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии ҷангҷӯёни исломӣ ҳазорҳо афсари амниятӣ дар кӯчаҳои Карочӣ мустақар шуданд. Ҷангҷӯён таҳдид кардаанд, ки Бҳутторо ба қатл мерасонанд.

Пеш аз бозгашт ба ватан Бҳутто бо президенти Покистон Парвез Мушарраф дар масъалаи тақсими қудрат гуфтушунид пеш бурд ва мақомоти ин кишвар ӯро афв карданд.

Бҳутто соли 1999 баъди сари қудрат омадани Мушарраф Покистонро тарк намуда буд. Он замон мақомот ӯро бо фасод муттаҳам мекарданд.

Тахмин мешавад, ки дар маъракаҳои интихоботии оянда Бҳутто ва пайравонаш бо шиорҳои демократӣ бар зидди ифротгароии динӣ қиём хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG