Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Туркия барои амалиёт дар Ироқ раъй дод


Артиши турк дар сарҳад бо Ироқ

Парлумони Туркия чанд лаҳза пеш артиши ин кишварро барои шурӯъи амалиёти низомӣ дар марзҳои шимолии Ироқ иҷоза дод.

Туркия мегӯяд, ки ният дорад, барои муқобила бо пойгоҳҳои низомии шӯришиёни Ҳизби коргарии Курдистон ин амалиётро анҷом диҳад.

Барои пазириши ин тасмим 507 нафар раъйи мувофиқ дода 19 нафар мухолифат кардаанд.

Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки ИМА ба Туркия мушаххасан гуфтааст, ки ирсоли шумори зиёди нирӯҳо ба Ироқ ба манфиати Анкара буда наметонад.

Дар ҳамин ҳол, чанд лаҳза пеш аз раъйдиҳии парлумони Туркия, Ҷалоли Толибонӣ, раисҷумҳури курдтабори Ироқ аз Париж гуфт, ки Бағдод омода аст, бо мақомоти Анкара дар ин замина ҳамкорӣ кунад.

Аммо Толибонӣ аз Туркия тақозо кард, ки даст ба амалиёти низомӣ назанад.

Қабл аз раъйдиҳии парлумони Туркия, НАТО аз Анкара хост, ки аз ин иқдом даст кашад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG