Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз Туркия фурсат мехоҳад


Хабаргузории нимарасмии "Анатолия"-и Туркия навишт, муовини раисҷумҳурии Ироқ Ториқ ал-Ҳошимӣ аз Туркия хостааст, ки ба ин кишвар фурсат бидиҳад, то мушкили шӯришиёни курд дар шимоли Ироқ ҳаллу фасл шавад.

Вай бо мақомоти туркӣ дар Анкара, дар пешорӯи раъйдиҳии парлумони Туркия барои бахшидани машруъият ба ҳамлаи низомии ин кишвар болои шимоли Ироқ дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

"Анатолия" дар нақли қавл аз Ҳошимӣ мегӯяд, ки Бағдод дар азми хатми убуру мурури шӯришиёни курд қавӣ аст.

XS
SM
MD
LG