Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Путин дар Эрон?


Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков баъди нашри хабари тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони раисҷумҳури Русия дар Эрон изҳор намуд, ки ӯ дар бораи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Теҳрон чизе гуфта наметавонад.

Баъди нашри ин хабар вазорати корҳои хориҷии Эрон иттилоъ дод, ки шоми имрӯз тибқи нақша Путин вориди Теҳрон хоҳад шуд. Тибқи ин хабар иҷрои нақшаи эҳтимолии сӯиқасд ба ҷони президенти Русия дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони кишварҳои соҳили баҳри Каспий ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Феълан Путин дар Олмон аст. Кишварҳои ғарбӣ сафари Путин ба Эронро муроқибат хоҳанд кард. Онҳо бар ин боваранд, ки барномаи ҳаставии Эрон ниқобест барои тавлиди силоҳи ҳаставӣ.
XS
SM
MD
LG