Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вебнигорони тоҷик нозукиҳои касб меомӯзанд


Давраи омӯзишии хабарнигории интернетӣ, ки имрӯз дар Душанбе шурӯъ шуд, такмили маҳорати вебнигорон ва хабарнигорони ҷавонеро, ки ба журнализми мултимедиавӣ алоқамандӣ доранд, ҳадафи худ қарор додааст.

Мубтакирони ин давраи омӯзишӣ бахши форсии родиюи ВВС, расонаи интернетии «Ҷадид Медиа» ва Конуни байнулмилалии Олимпур буда, дастгирии молии онро бунёди Сорос бар уҳда дорад.

Гуфта мешавад устодони аз Инглистон ва Конодо даъватшуда тайи 10 рӯз ба вебнигорони тоҷик нозукиҳои кор бо аксу садо ва матну навор дар Интернетро хоҳанд омӯхт.

XS
SM
MD
LG