Кумиссиюни марказии интихобот таърихи интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон дар минтақаи Кӯлобро ба 16 декабр таъин кард.
Ҳамагӣ чанд моҳ қабл, аз ин минтақа собиқ вазири умури дохила Ҳумдин Шарифов вакил интихоб шуда буд. Аммо тақрибан ду моҳи қабл Ҳумдин Шарифов даргузашт.
Бино бар иттилоъи Кумиссиюни марказии интихобот, шурӯъ аз 17 октябр аҳзоб метавонанд номзадҳои худро пешбарӣ намоянд.